Тасдиқи созишномаи равуои бераводид бо Ӯзбекистон

Парлумони Тоҷикистон имрӯз, 19 март Созишнома бо Ӯзбекистонро дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони ҳарду кишвар дар қаламрави ҳамдигар тасдиқ кард. Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров созишномаи санаи 9 март баимзорасидаро сарнавиштсоз номид. Ӯ ба Вазорати корҳои хориҷии кишвар дастур дод, ки Тошканд дар бораи тасдиқи созишнома аз ҷониби Тоҷикистон расман огоҳ крада шавад, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Парлумони Тоҷикистон имрӯз, 19 март Созишнома бо Ӯзбекистонро дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони ҳарду кишвар дар қаламрави ҳамдигар тасдиқ кард.

Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров созишномаи санаи 9 март баимзорасидаро сарнавиштсоз номид.

Ӯ ба Вазорати корҳои хориҷии кишвар дастур дод, ки Тошканд дар бораи тасдиқи созишнома аз ҷониби Тоҷикистон расман огоҳ крада шавад, то ки шурӯъ аз 20 март шаҳрвандони Ӯзбекистон ба сафари бераводид ба Тоҷикистон имкон пайдо намоянд.

Ёдрас мекунем, ки президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳанӯз санаи 14 март қарор дар бораи тасдиқи созишномаи мазкурро ба имзо расонида, аз 16 март шаҳрвандони Тоҷикистон имкон пайдо карданд, ки бераводид ба кишвари ҳамсоя сафар кунанд.

Дар ҷаласаи имрӯза муовини аввали вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Низомиддин Зоҳидов қайд кард, ки Ӯзбекистон аллакай расмиёти дохилидавлатии ин созишномаро ба итмом расонида, ояндаи наздик Тоҷикистон ба таври хаттӣ Тошкандро доир ба анҷоми расмиёт огоҳ мекунад.

Дар созишномаи мазкур сафари шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба қаламрави ҳамдигар бераводид ба муҳлати 30 рӯз пешбинӣ шудааст.

Реҷаи раводид зимни сафари шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба қаламрави ҳамдигар 16 майи соли 2000-ум ҷорӣ шуда буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.