Аз 1 апрел пули нақд дар автобусу троллейбусҳои Душанбе қабул намешавад

Дар пойтахти Тоҷикистон аз 1 апрел роҳкиро танҳо тариқи корти ягонаи Cityсard пардохт шуда, пули нақд қабул намешавад. Дар бораи ҷорӣ шудани ин навгонӣ намояндагони ширкати Cityсard дар саҳифаашон дар шабакаи Фейсбук хабар додаанд. Дар мақомоти шаҳрдории Душанбе ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки айни замон дар 285 троллейбусу автобусҳои дар пойтахт равуодошта […]

Дар пойтахти Тоҷикистон аз 1 апрел роҳкиро танҳо тариқи корти ягонаи Cityсard пардохт шуда, пули нақд қабул намешавад. Дар бораи ҷорӣ шудани ин навгонӣ намояндагони ширкати Cityсard дар саҳифаашон дар шабакаи Фейсбук хабар додаанд.

Дар мақомоти шаҳрдории Душанбе ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки айни замон дар 285 троллейбусу автобусҳои дар пойтахт равуодошта валидаторҳо (қабулкунандаҳои пардохти роҳкиро) гузошта шудаанд.

Кортҳои ягонаи Cityсard-ро метавон дар терминалҳо ва фурӯшгоҳҳо (киоскҳо)-и назди истгоҳҳои нави нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт харидорӣ намуд.

Арзиши ҳадди ақали корти пластикии Cityсard – 7 сомонӣ буда, 4 сомонӣ – маблағе мебошад, ки дар сурати баргардони корт ширкат онро низ бармегардонад ва 3 сомонии боқимонда дар тавозуни корт боқӣ монда, барои пардохти роҳкиро истифода мешаванд.

Нархи роҳкирои як маротиба ба автобус нишастан дар Душанбе – 1 сомониву 20 дирам ва троллейбус – 1 сомониро ташкил медиҳад.

Дар терминалҳои ширкати Express Pay ба тавозуни корт метавон маблағ илова кард.

Сокинони шаҳр ва меҳмонони пойтахт метавонанд аз ронандагон ё марказҳои савдо ду навъи кортҳои муваққатӣ – 5 сомонӣ барои 4 маротиба истифода (мухлати ниҳоии истифода – 5 рӯз) ва 10 сомонӣ барои 8 маротиба истифода (муҳлати ниҳоии истифода 10 рӯз) харидорӣ намоянд.

Дар ширкат пешниҳод кардаанд, ки дар робита ба масоили харидорӣ ва истифодаи кортҳо аҳолӣ метавонад бо телефони +992 (44) 601 11 11 муроҷиат намояд.

«То пурра ҷорӣ шудани ин низом, мо алҳол аз кори назоратчиён даст намекашем. Ғайр аз ин, давраҳои аввал онҳо ба мусофирон тарзи истифода аз кортҳоро меомӯзанд», – хабар доданд аз ширкат.

Зимнан зикр гардид, ки дар автобусу троллейбусҳо панҷараҳо (турникетҳо)-и махсус ва посбонон гузошта нашуда, дар навбати аввал ба виҷдони худи мусофирон такя хоҳад шуд, лекин комиссияи назоратии санҷишӣ низ амал хоҳад кард, ки дар сурати ошкор шудани аз ҷониби мусофирон пардохт нашудани роҳкиро, онҳоро ҷарима мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.