Ҳузури беқайди тоҷикистониён дар Ӯзбекистон ба муҳлати 1 ҳафта

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Вазорати корҳои хориҷӣ ҷиҳати омӯзиши зиёд кардани муҳлати ҳузури беқайди шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Ӯзбекистон дастур дод, хабар дод ба «Азия-Плюс» Владимир Норов, директори Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди президенти Ӯзбекистон. Ба гуфтаи ӯ, зимни сафари давлатии Шавкат Мирзиёев ба Душанбе (9-10 март) президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамтои […]

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Вазорати корҳои хориҷӣ ҷиҳати омӯзиши зиёд кардани муҳлати ҳузури беқайди шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Ӯзбекистон дастур дод, хабар дод ба «Азия-Плюс» Владимир Норов, директори Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди президенти Ӯзбекистон.

Ба гуфтаи ӯ, зимни сафари давлатии Шавкат Мирзиёев ба Душанбе (9-10 март) президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамтои ӯзбеки худ дархост намуд, ки масъалаи дароз кардани муҳлати будубоши беқайди шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави кишвари ҳамсоя аз се шабонарӯз ҳадди ақал то як ҳафта мавриди омӯзиш қарор гирад.

«То ҷое ба ман маълум аст, Шавкат Мирамонович ба Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дастур дод, ки ин масъала мавриди омӯзиш қарор гирифта, дар ояндаи наздик нисбати он қарор қабул шавад», – қайд кард Норов.

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 19 марти соли 2018 Созишномаи баимзорасида зимни сафари давлатии Мирзиёев «Дар бораи сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандон»-ро тасдиқ намуд, ки мувофиқи он шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон бидуни раводид метавонанд муддати то 30 рӯз дар қаламрави кишварҳои ҳамдигар ҳузур дошта бошанд, вале агар сафар аз се шабонарӯз зиёдтар давом кунад, бояд худро ба қайд гузоранд.

Парлумони Ӯзбекистон алҳол ин созишномаро тасдиқ накарда, вале президенти ин кишвар то мавриди амал қарор гирифтани Созишнома, бо қарори худ аз 16 март ба сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ӯзбекистон бидуни раводид иҷоза дод.

Шароити ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Ӯзбекистон низ бетағйир боқӣ монданд.

Барои убури марзи кишвари ҳамсоя шаҳрвандони Тоҷикистон бояд шиносномаи хориҷӣ (дипломатӣ, хизматӣ, умумишаҳрвандӣ) бо худ дошта бошанд. Чун пешина тоҷикистониёне, ки ба Ӯзбекистон меоянд, уҳдадоранд, ки дар муддати 3 рӯз  дар мақомоти маҳаллии корҳои дохилӣ худро ба қайд гузоранд.

Агар шаҳрванди Тоҷикистон дар Ӯзбекистон хешону пайвандон дошта бошад, метавонад бо суроғаи зисти онҳо худро ба қайд гузошта, дар ҳамин ҳл ба маблағи 5 доллар боҷ месупорад.

Агар шаҳрванди Тоҷикистон ба сифати сайёҳ (турист) ба Ӯзбекистон равад, ӯро бо суроғаи ҷойи зист дар меҳмонхона сабтином мекунанд ва дар ин ҳолат низ ӯ боҷи зикршударо пардохт мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.