«Душанбе Молл» итминон медиҳад, ки марказ бехатар аст. Муштариён шубҳа доранд

Дар маркази савдои «Душанбе Молл» субҳи имрӯз бонги хатари санҷишии сӯхтор ва ба макони амн кӯчонидани муштариён гузаронида шуд. Раҳбарияти марказ итминон медиҳад, ки ҳамаи низомҳои бехатарӣ аз сӯхтор коршоям буда, доимо таҳти назорат қарор доранд. Дар саҳифаи марказ дар Фейсбук кормандони ин фурӯшгоҳ ба наздикону пайвандони фавтидагон аз сӯхтор дар маркази савдои «Зимняя вишня» […]

Дар маркази савдои «Душанбе Молл» субҳи имрӯз бонги хатари санҷишии сӯхтор ва ба макони амн кӯчонидани муштариён гузаронида шуд. Раҳбарияти марказ итминон медиҳад, ки ҳамаи низомҳои бехатарӣ аз сӯхтор коршоям буда, доимо таҳти назорат қарор доранд.

Дар саҳифаи марказ дар Фейсбук кормандони ин фурӯшгоҳ ба наздикону пайвандони фавтидагон аз сӯхтор дар маркази савдои «Зимняя вишня» дар шаҳри Кемеровои Русия изҳори тасаллият кардаанд.

Гуфта мешавад, дар ҳар як ошёнаи марказ «чандин ҷевонҳои бехатарӣ аз сӯхтор вуҷуд дошта, дар ошёнаи 1-ум – 5 адад, 2-юм – 6-то, 3-юм (фудкорт) – 6-то ва ошёнаи 4-ум – 5-то роҳи баромад зимни сӯхтор сохта шудааст.

Дар ҳар кадоме аз мағозаҳо, кинотеатру минтақаҳои фудкорт, минтақаҳои умумӣ дастгоҳҳои сӯхторхомӯшкунӣ гузошта шудааст. Дар назди зинапояҳои ҳар яке аз ошёнаҳо нақшаи кӯчонидан овехта шудааст.

Дар шабакаи иҷтимоӣ дар ин мавзӯъ назарҳои гуногун изҳор мешаванд. Чанде ин санҷишҳои марказро дастгирӣ намуда, лекин касоне ҳам ҳастанд, ки шубҳа изҳор мекунанд.

«Парерӯз роҳи баромад ба қисмати сӯи JYSK баста буд», – шубҳа мекунад корбари шабака Nuriddin Lafizov.

«Чанде қабл духтаре навишта буд, ки дар Ашан роҳи баромад зимни сӯхтор баста буд, баъди эроду ӯ онро боз карданд, вале куҷост кафолат, ки дигар баста намешавад?», – пурсидааст MuzZam MuzZam.

«Имрӯз барқ хомӯш шуд, мо дар гӯшаи дури мағоза будем, хеле торик буд. Барқро базудӣ доданд, лекин дар Кемерово сонияҳо ҷони чандин касро рабуданд», – ҳикоят кардааст Zuhra Qurbanova.  

Ғайр аз ин, корбарон ба масъалаи дар толорҳои кинотеатрҳо мавҷуд будани роҳҳои баромади эҳтиётӣ дар сурати сар задани сӯхтор таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

«Дар дохили маҷмааи толори кино дар самтҳои гуногун 2 роҳи баромад зимни сӯхтор то ошёнаи 1-ум мавҷуд аст. Илова бар ин, ду роҳи баромади дигар ба сатҳи боми бино низ вуҷуд дорад. Дастгоҳҳо аз ҷониби ширкати туркӣ насб шуда, мақомоти дахлдори кишвар онро қабул карданд», – посух додааст ба саволҳо корбар Нике Зидан, ки дар саҳифаааш дар муқобили ҷойи «кораш» – «Аудит компания» зикр шудааст.

Қобили зикр аст, ки кинотеатри «Кайҳон», ки дар «Душанбе Молл» воқеъ аст, имрӯз дар саҳифааш дар Фейсбук барои баста шудани кинотеатр маъзарат хоста, иттилоъ додааст, ки ин ба «санҷиши ғайринақшавии бехатарӣ аз сӯхтор» вобаста аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.