Ба мубориза бо малах дар Суғд 300 ҳазор сомонӣ ҷудо шуд

Дар вилояти Суғд дар мавзӯи “Мубориза бар зидди малах ва дигар ҳашароти зараррасон” бо иштироки вазири кишоварзии Тоҷикистон Изатулло Сатторӣ семинар-машварати вилоятӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, зикр гардид, ки ҷиҳати пешгирии паҳншавии малах ва ташкили чораҳои муҳофизатӣ бар зидди зараррасону касалиҳои зироати кишоварзӣ ва боғу токзор дар шаҳру ноҳияҳо […]

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд

Дар вилояти Суғд дар мавзӯи “Мубориза бар зидди малах ва дигар ҳашароти зараррасон” бо иштироки вазири кишоварзии Тоҷикистон Изатулло Сатторӣ семинар-машварати вилоятӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, зикр гардид, ки ҷиҳати пешгирии паҳншавии малах ва ташкили чораҳои муҳофизатӣ бар зидди зараррасону касалиҳои зироати кишоварзӣ ва боғу токзор дар шаҳру ноҳияҳо ситодҳо оид ба мубориза бар зидди малах ва дигар ҳашаротҳои зараррасон ташкил гардидааст.

Гуфта мешавад, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода изҳор намуд, ки соли равон аз буҷети вилоятӣ барои пешгириву нобудсозии ҳашароти зараррасони малах 150 ҳазор сомонӣ ва  барои ташкили мубориза бар зидди касалию ҳашароти зараррасони помидор низ 150 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шудаааст.

Вазири кишоварзии мамлакат Изатулло Сатторӣ барои ташкили чунин семинар, ки дар самти пешгирии ҳашароти зараррасон ва ҷоннок намудани фаъолияти ситодҳои шаҳриву ноҳиявӣ таъсири мусбӣ мерасонад, ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят миннатдорӣ баён намуд. Изатулло Сатторӣ аз имкониятҳои фарохи соҳаи кишоварзӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки кишоварзон бояд заминро самаранок истифода бурда, ҳангоми кишти зироатҳо ба тухмии он аҳмияти хоса зоҳир намоянд.

Дар фарҷом раиси вилоят, вазири кишоварзӣ ва гуруҳи калони иштирокчиёни семинар бо имкониятҳои Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» дар вилояти Суғд аз наздик шинос шуданд.

Дар рафти чорабинӣ мутахассисони филиали муассисаи мазкур тарзи омодасозии заҳрдоруҳо, истифодаи таҷҳизоту техникаи дорупоширо нишон дода, ҷиҳати пешгирии паҳншавии малах ва муайян намудани макони он тавсияҳои  муфид ироа намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.