Дубора рӯ ба афзоиш ниҳодани даромади операторони хусусӣ дар Тоҷикистон

Семоҳаи аввали соли равон даромади операторони хусусӣ дар Тоҷикистон 587,8 млн. сомонӣ (ҳамин давраи соли 2017 – 578 млн. сомонӣ)-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 1,6 фоиз зиёдтар аст, хабар медиҳад дар ҳисоботи худ Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон. Қобили зикр аст, ки даромади операторони хусусӣ дар Тоҷикистон давоми солҳои […]

Меҳрангез Турсунзода, Asia-Plus

Семоҳаи аввали соли равон даромади операторони хусусӣ дар Тоҷикистон 587,8 млн. сомонӣ (ҳамин давраи соли 2017 – 578 млн. сомонӣ)-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 1,6 фоиз зиёдтар аст, хабар медиҳад дар ҳисоботи худ Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон.

Қобили зикр аст, ки даромади операторони хусусӣ дар Тоҷикистон давоми солҳои 2014-2016 коҳиш ёфта буданд. Тибқи маълумоти Агентии омор, аз 2 млрд. 560 млн. сомонӣ дар соли 2014 дар соли 2015 он то ба 2 млрд. 540,6 млн. сомонӣ поин рафта буд. Як соли баъд он боз ба 450 млн. сомонӣ кам шуд – то 2 млрд. 90 млн. сомонӣ.

Соли гузашта ҳаҷми даромади операторони хусусӣ дар муқоиса бо соли 2016 ба миқдори 433 млн. сомонӣ афзуда, ба 2 млрд. 523 млн. сомонӣ баробар шуд.

Дар ҳамин ҳол, даромади умумии операторони хусусӣ ва давлатӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ беш аз 656 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2017 ба андозаи 7,1 фоиз бештар аст.

Ба аввали моҳи апрели соли ҷорӣ шумори корбарони шабакаи Интернет дар ҷумҳурӣ 2,5 млн. нафар ва истифодабарандагони алоқаи мобилӣ – 6, 2 млн. нафарро ташкил дод, ки 4,1 млн. нафари онҳо муштариёни фаъол мебошанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.