Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон қариб 13 доллар афзуд

Маоши миёнаи номиналӣ дар Тоҷикистон аз оғози сол ба андозаи 10,5 фоиз афзуда, ба аввали моҳи апрел музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон 1 ҳазору 228 сомонӣ (136 доллар)-ро ташкил дод. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, моҳи март ҳаҷми музди меҳнати коргарони кирошуда 1228,08 сомониро ташкил дода, дар муқоиса бо моҳи январ 116 […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Маоши миёнаи номиналӣ дар Тоҷикистон аз оғози сол ба андозаи 10,5 фоиз афзуда, ба аввали моҳи апрел музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон 1 ҳазору 228 сомонӣ (136 доллар)-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, моҳи март ҳаҷми музди меҳнати коргарони кирошуда 1228,08 сомониро ташкил дода, дар муқоиса бо моҳи январ 116 сомонӣ (қариб 13 доллар) зиёд шуд.

Моҳи март маоши аз ҳама зиёдтар дар бахши миёнаравии молиявӣ (3191,19 сомонӣ) ва саноати кӯҳкорӣ (2385,79 сомонӣ) ва аз ҳама камтарин дар соҳаи кишоварзӣ (532,77 сомонӣ) пардохт шудааст.

Аз лиҳози минтақавӣ моҳи март музди меҳнати миёнаи баландтарин дар Душанбе – 1934,24 сомонӣ ва пасттарин дар вилояти Хатлон – 915,53 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст. Маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон айни замон ба 400 сомонӣ баробар аст.

Тӯли 27 соли соҳибистиқлолӣ аз рӯи сатҳи музди меҳнати миёна Тоҷикистон байни кишварҳои узви ИДМ зинаи охирро ишғол мекунад.

Соли гузашта музди меҳнати миёнаи моҳонаи баланд дар Русия (600 доллар) ба қайд гирифта шуд, ки тибқи маълумоти гуногун, ҳар як ҳаштум тоҷикистонӣ дар ин кишвар қарор дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.