Айнӣ: модару се фарзандаш зери шахпора ҳалок шуданд

Дар ҷамоати Фондарё, деҳаи Марғзори ноҳияи Айнӣ  рӯзи 20 май бар асари канда шудани шахпорае модари 30-сола бо се фарзандаш ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода. Ба иттилои манбаъ, зан дар хоҷагии деҳқониашон воқеъ дар мавзеи Сангҳои Чигишт машғули кор буда, фарзандони ӯ – ду духтарчаи 8 ва 1-сола, ҳамчунин писарчаи 5-солааш дар […]

Asia-Plus

Дар ҷамоати Фондарё, деҳаи Марғзори ноҳияи Айнӣ  рӯзи 20 май бар асари канда шудани шахпорае модари 30-сола бо се фарзандаш ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

Ба иттилои манбаъ, зан дар хоҷагии деҳқониашон воқеъ дар мавзеи Сангҳои Чигишт машғули кор буда, фарзандони ӯ – ду духтарчаи 8 ва 1-сола, ҳамчунин писарчаи 5-солааш дар паҳлӯяш саргарми бозӣ будаанд.

«Вақте модар мебинад, ки аз кӯҳ шахпорае канда шуда, сӯи кӯдаконаш мефарояд, назди онҳо давида, барои наҷоти фарзандонаш бо ҷисми худ онҳоро пӯшониданӣ мешавад, вале ин ба ӯ муяссар нагардида, аз ҷароҳатҳои бардошта модару се фарзандаш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасанд», – хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз Кумита.

Зимнан зикр гардид, ки боришоти шадиди рӯзҳои охир дар ҷумҳурӣ ба канда шудани шахпора боис гардидааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.