Иштироки беш аз 1 ҳазор нафар меҳмонон дар Конфронс оид ба масоили об дар Душанбе

Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон  рӯзи 28 май бахшида ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028” брифинг доир гардид. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар кори конфронс аз иштироки зиёда аз 1 ҳазор меҳмон аз 100 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла сарони давлатҳо/ҳукуматҳо, роҳбарон ва намояндагони […]

Asia-Plus

Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон  рӯзи 28 май бахшида ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028” брифинг доир гардид.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар кори конфронс аз иштироки зиёда аз 1 ҳазор меҳмон аз 100 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла сарони давлатҳо/ҳукуматҳо, роҳбарон ва намояндагони баландпояи сиёсати хориҷӣ ва дигар ниҳодҳои марбутаи кишварҳо интизорӣ меравад.

Гуфта мешавад, дар ин чорабинӣ ҳамчунин роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили СММ, САҲА, ИА (Иттиҳоди Аврупо), СААД, СҲШ, ИДМ, ФБНА (Фонди байналмилалии наҷоти Арал), инчунин дигар ташкилоту муассисаҳо, шарикони рушд, созмонҳои марбут ба дарёву ҳавзҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ширкат хоҳанд варзид.

Ба иттилои манбаъ, бо ташаббуси ҳукумати Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо СММ ва шарикони дигар, рӯзҳои 20-22 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе бо ҳадафи пешбурди фаъолият ва муколамаи сиёсӣ дар соҳаи об ба хотири рушди устувор, Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028” баргузор мешавад.

Ҳадафҳои асосии баргузории Конфронс баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум оид ба амалисозии саривақтӣ ва самараноки  Ҳадафи 6-ум ва дигар ҳадафҳои вобаста ба оби Ҳадафҳои Рушди Устувор, инчунин баррасии гомҳои баъдӣ барои татбиқи Нақшаи фаъолияти Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва кишварӣ унвон шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки Конфронс ба дарки амиқи Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028”, пешбурди идоракунии дастаҷамъонаи захираҳои об, фаъолгардонии Ҳадафи 6-уми ва дигар Ҳадафҳои Рушди Устувор мусоидат мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.