Медведев 31 май бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд

Раиси ҳукумати Русия Дмитрий Медведев рӯзҳои 31 май – 1 июн бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ иштирок мекунад, иттилоъ медиҳад хабаргузории ТАСС бо истинод ба ҳукумати Русия. «Зимни мулоқот бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири ин кишвар Қоҳир Расулзода ба масъалаи рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои […]

Asia-Plus

Раиси ҳукумати Русия Дмитрий Медведев рӯзҳои 31 май – 1 июн бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ иштирок мекунад, иттилоъ медиҳад хабаргузории ТАСС бо истинод ба ҳукумати Русия.

«Зимни мулоқот бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири ин кишвар Қоҳир Расулзода ба масъалаи рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёту энергетика, бахши кишоварзӣ, муҳоҷират ва робитаҳои гуманитарӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд», – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, аз рӯи натиҷаҳои дидору гуфтушунидҳо баимзорасии санадҳои дуҷониба дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, Медведев дар ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ санаи 1 июн дар Душанбе иштирок мекунад, ки дар кори он бобати вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ дар доираи ИДМ табодули назар сурат мегирад.

Сарони ҳукуматҳои ИДМ ҳамчунин ният доранд, ки ҷараёни гуфтушунидҳоро оид ба таҳияи лоиҳа дар бораи савдои озодонаи хизматрасониҳо, масоили ҳамкории инноватсионӣ, рушди бозори моликияти зеҳнӣ, ҳамкорӣ дар бахши гумрукро низ баррасӣ кунанд.

«Дар ҷараёни сафар ба Душанбе раиси ҳукумати Русия бо сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ гуфтушунидҳои дуҷониба баргузор мекунад», – қайд мешавад дар хабар.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.