Орд, гӯшт, шир: ҳукуматдорони Тоҷикистон нархҳоро танзим мекунанд

Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд, қарор содир намуд. Дар санад тасдиқи номгӯи мол ва маҳсулот дастур дода шуда, назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон вогузор шудааст. Дар ин номгӯй 16 молу маҳсулот зикр шудааст, аз […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд, қарор содир намуд.

Дар санад тасдиқи номгӯи мол ва маҳсулот дастур дода шуда, назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон вогузор шудааст.

Дар ин номгӯй 16 молу маҳсулот зикр шудааст, аз ҷумла:

1. Орд (навъҳои 1 ва 2)

2. Нони аз орди навъҳои 1 ва 2 истеҳсолгардида

3. Маҳсулоти макаронӣ

4. Гандум

5. Биринҷ

6. Картошка

7. Сабзавот: сабзӣ, пиёз, карам

8. Қанди сафед, шакар

9. Равғани растанӣ: равғани пахта ва равғани офтобпараст, равғани маска

10. Маҳсулоти ширӣ: шир, кефир, қаймоқ, сметана, творог

11. Наск, нахӯд, марҷумак, кашк, ярмаи ҷав

12. Гӯшт: гӯшти гов, гӯшти гусфанд, гӯшти мурғ

13. Тухми мурғ

14. Намак

15. Чой: навъи сабз ва сиёҳ

16. Ғизои кӯдаконa.

Қобили зикр аст, ки нархгузорӣ ба ин молу маҳсулот то кунун озодона муқаррар шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон бар ин назаранд, ки танзими нархҳо ба ин навъи молу маҳсулот чун дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ хеле душвор хоҳад шуд.

«Дар замони Иттиҳод Шӯравӣ давлат метавонист ба ин ё он навъи маҳсулот нархи сабтшуда муқаррар кунад, зеро худаш ба истеҳсол, ҳамлу нақл ва фурӯши ин маҳсулот машғул мешуд. Айни замон ҳамаи молу маҳсулоти дар номгӯй зикршуда аз ҷониби ширкатҳои хусусӣ ба бозор ворид ва фурӯхта мешавад ва онҳо бо назардошти хароҷоти худ нархро муқаррар мекунанд. Дар ҳамин ҳол, аксари молу маҳсулот аз хориҷа ворид мешавад», – изҳори назар кард ба «Азия-Плюс» коршиноси масоили иқтисодӣ, ки нахост ному насабаш ифшо гардад.

Дар ҳамин ҳол, қайд кард ӯ, барои ҳар як минтақа нархи ҷудогона муқаррар кардан лозим аст, ҳадди ақал барои он ки арзиши аслии молу маҳсулот дар нуқтаҳои гуногуни кишвар фарқ мекунанд.

Коршинос гуфт, дар шароити иқтисоди бозаргонӣ нархҳои сабтшударо метавон танҳо ба он маҳсулоте муқаррар намуд, ки таҳти монополияи табиӣ қарор дорад. Ба гунаи мисол, тарифҳо ба нерӯи барқ, об ва ғайра.

«Агар ҳукумат тоҷиронро ба муқаррар кардани нархи сабтшуда уҳдадор созад, ин ногузир ба дастрасӣ ва сифати молу маҳсулот таъсир мерасонад», – илова намуд коршинос.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.