Вазири кишоварзӣ сабаби арзонии пиёзро шарҳ дод

Вазири кишоварзии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ зимни нишасти хабарии ҷамъбасти нимсола изҳор дошт, ки нархи имрӯзаи пиёз дар бозорҳо – 60-80 дирам барои 1 кило ҳам барои деҳқон ва ҳам харидор қобили қабул аст. «Албатта, нисбат ба солҳои пешин ин арзонтар аст, лекин ба кишоварзон зиёни зиёд нарасидааст, – гуфт ӯ. – Афзоиши истеҳсоли пиёз аз […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Вазири кишоварзии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ зимни нишасти хабарии ҷамъбасти нимсола изҳор дошт, ки нархи имрӯзаи пиёз дар бозорҳо – 60-80 дирам барои 1 кило ҳам барои деҳқон ва ҳам харидор қобили қабул аст.

«Албатта, нисбат ба солҳои пешин ин арзонтар аст, лекин ба кишоварзон зиёни зиёд нарасидааст, – гуфт ӯ. – Афзоиши истеҳсоли пиёз аз ҳисоби зиёдшавии ҳосилнокии он ба вуҷуд омад, ки дар навбати худ дастрасӣ ба тухмии хушсифат ва риояи қоидаҳои агротехникӣ ба он мусоидат намуд».

Ба иттилои вазир, нимсолаи аввали соли 2018 дар Тоҷикистон наздики 72 ҳазор тонна пиёз истеҳсол шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта 18,4 ҳазор тонна зиёдтар аст ва захираҳо имкон медиҳанд, ки ҳаҷми содироти он то ба 100 ҳазор тонна расонида шавад.

Зимнан зикр гардид, ки «барои афзоиши ҳаҷми содироти пиёз ва дигар навъи маҳсулоти кишоварзӣ ҳарчи бештар бунёди марказҳои захираву нигаҳдорӣ ва идоракунии маҳсулот (логистика) зарур аст».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.