Эмомалӣ Раҳмон Мирзиёевро бо ҷашни зодрӯзаш табрик кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом дода, Президенти кишвари дӯстро бо ҷашни  61-умин солгарди зодрӯзаш самимона муборакбод намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Пешвои миллат таманниёти беҳтарини худро ба ҳамтои худ иброз намуда, дастовардҳои Ӯзбекистонро дар арсаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ таҳти роҳбарии Шавкат Мирзиёев ва талошҳои пайвастаи […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом дода, Президенти кишвари дӯстро бо ҷашни  61-умин солгарди зодрӯзаш самимона муборакбод намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Пешвои миллат таманниёти беҳтарини худро ба ҳамтои худ иброз намуда, дастовардҳои Ӯзбекистонро дар арсаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ таҳти роҳбарии Шавкат Мирзиёев ва талошҳои пайвастаи ӯро ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондану  тавсеа бахшидан ба робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои самарабахш миёни кишварҳои минтақа таъкид кард.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои муносибатҳои ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дурнамои рушди ҳамкориҳои ду кишварро дар ҳамаи ҷабҳаҳо мавриди муҳокима қарор доданд. 

Зимнан зикр мегардад, ки дар ин замина Президентҳо  ҷиҳати саъю талошҳои муштараки минбаъда ба хотири пешбурди муносиботи шарикии ду кишвар мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони бародар изҳори ақида намуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон, зимни гуфтугӯи телефонии Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи омодагӣ ба аввалин сафари давлатии роҳбари Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва рӯзномаи вохӯрӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

Ҷонибҳо бобати истифодаи тамоми имконот ҷиҳати таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, дастгирии ташаббусҳои муштарак дар соҳаи тиҷорату савдо, рушди ҳамкориҳо байни минтақаҳо ва мусоидат ба табодули фаъоли чорабиниҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ созиш ҳосил карданд.

Нимаи дуюми моҳи август сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон дар назар буда, дар ҷараёни он имзои шартномаи шарикии стратегӣ байни кишварҳо ва анҷоми пурраи таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳадии давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба нақша гирифта шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.