Президент ба пурзӯр кардани тадбирҳои амниятӣ дастур дод

Ҳодисаи фоҷеабори чанде қабл дар ноҳияи Данғара, ки ба ҳалокати сайёҳони хориҷӣ боис гардид, дар маҷлиси навбатии ҳукумат таҳти раёсати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири қурбониёни ин ҳодисаи фоҷеабор дақиқаи хомӯшӣ эълон кард. Гуфта мешавад, сипас, оид ба рафти тафтишоти ҳодиса […]

Asia-Plus

Ҳодисаи фоҷеабори чанде қабл дар ноҳияи Данғара, ки ба ҳалокати сайёҳони хориҷӣ боис гардид, дар маҷлиси навбатии ҳукумат таҳти раёсати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири қурбониёни ин ҳодисаи фоҷеабор дақиқаи хомӯшӣ эълон кард.

Гуфта мешавад, сипас, оид ба рафти тафтишоти ҳодиса гузориши Прокурори генералии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф, Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саимумин Ятимов шунида шуд.

Таъкид гардид, ки бо дастури Пешвои миллат аз ҳисоби сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, амният ва мақомоти прокуратура гурӯҳи махсуси фаврӣ – ҷустуҷӯӣ таъсис дода шуд. Барои ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, дар кутоҳтарин муҳлат чанд тан аз аъзои гурӯҳи ҷинояткор дастгир шуд.

Дастур дода шуд, ки дар саросари кишвар тартиботи ҷамъиятӣ таъмин ва тадбирҳои амниятӣ пурзур карда шавад.

Ёдрас мекунем, ки бар асари ҳамла ба як гурӯҳи сайёҳони хориҷии велоспедрон дар ноҳияи Данғара 4 нафар ба ҳалокат расида, се тани дига ҷароҳат бардоштанд.

Дар ҷараёни амалиёти махсуси сохторҳои қудратии кишвар чор нафар ҷинояткорон кушта, боз чанд каси дигар ба гумони даст доштан дар ин амал боздошт шуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.