Зардаш хатлониву суғдиаш сабзчатоб: Иди харбуза дар Душанбе

Имрӯз дар майдони Маҷмааи савдои «Меҳргон» – и пойтахт бахшида ба  27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Иди харбуза ва намоишгоҳ-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир гардид. Дар намоишгоҳ ҳамаи навъҳои маҳсулоти полизӣ – харбузу тарбуз ва каду ба маърази тамошо ва фурӯш гузошта шуданд. Харбузаҳо аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ оварда шудаанд: зардаш хатлониву суғдиаш сабзчатоб. Майдони маҷмааи […]

Asia-Plus

Имрӯз дар майдони Маҷмааи савдои «Меҳргон» – и пойтахт бахшида ба  27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Иди харбуза ва намоишгоҳ-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир гардид.

Дар намоишгоҳ ҳамаи навъҳои маҳсулоти полизӣ – харбузу тарбуз ва каду ба маърази тамошо ва фурӯш гузошта шуданд. Харбузаҳо аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ оварда шудаанд: зардаш хатлониву суғдиаш сабзчатоб.

Майдони маҷмааи савдои “Меҳргон” дар ҷашни Иди харбуза серодам буд. Мардум натанҳо барои тамошои навъҳои гуногуни маҳуслоти полизӣ, балки барои харид низ омада буданд, зеро нисбат ба бозорҳо ин ҷо нарх пастттар буд.

Қобили зикр аст, ки харбузаҳо аз 7 то 15 сомонӣ ва тарбузҳои имсол хеле камёфту гарон аз 8 то 10 сомонӣ нарх доштанд. Таҷлили ид давом дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.