Нигаронии волидон аз мактаби №8-и пойтахтро тарк кардани омӯзгорон

Волидони хонандагони мактаби таҳсилоти умумии №8-и шаҳри Душанбе ба идораи “Азия-Плюс” муроҷиат намуда, изҳор доштанд, ки онҳо аз мактаби мазкурро тарк гуфтани омӯзгорони фанҳо нигаронанд. Директори мактаби мазкур Парвина Меликова дар ин робита изҳор намуд, ки ду омӯзгор бо сабаби ба Русия кӯчидан ва як муаллим бинобар вазъи солимиаш мактабро тарк кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, […]

Волидони хонандагони мактаби таҳсилоти умумии №8-и шаҳри Душанбе ба идораи “Азия-Плюс” муроҷиат намуда, изҳор доштанд, ки онҳо аз мактаби мазкурро тарк гуфтани омӯзгорони фанҳо нигаронанд.

Директори мактаби мазкур Парвина Меликова дар ин робита изҳор намуд, ки ду омӯзгор бо сабаби ба Русия кӯчидан ва як муаллим бинобар вазъи солимиаш мактабро тарк кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар мактаби №8 айни замон 3500 нафар хонандагон таълим мегиранд, ки 105 нафар омӯзгорон ба таълиму тадриси онҳо машғуланд ва дар мактаб норасии омӯзгорон ҷой надорад.

Дар Раёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд, ки аз ин вазъ огаҳӣ дошта, дарвоқеъ дар мактаби №8 танҳо ду омӯзгор намерасад, зеро муаллимаи фанни математика то 5 сентябр дар рухсатӣ буда, омӯзгори ҷавони фанни филологияи рус имрӯз аз онҳо роҳхат мегирад ва аз пагоҳ ба кор мебарояд.

Зимнан зикр гардид, ки соли нави хониш ҳамаи мактабҳои шаҳри Душанбе бо омӯзгорон таъмин буда, танҳо дар чанде аз мактабҳои русӣ муаллимони фанҳои кимиё, физика, математика, ҷуғрофия ва технологияҳои иттилоотӣ намерасанд.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар шаҳри Душанбе 144 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дошта, дар онҳо 8 ҳазору 508 нафар омӯзгорон та таълиму тадриси толибилмон машғуланд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.