Маросими супурдани ҷоизаҳои вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Ғафуров дар Суғд

Дар толори қабули расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд имрӯз ба истиқболи 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон маросими супоридани Ифтихорнома ва Ҷоизаҳои вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба барандагони Ҷоизаи вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар бахшҳои […]

Дар толори қабули расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд имрӯз ба истиқболи 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон маросими супоридани Ифтихорнома ва Ҷоизаҳои вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба барандагони Ҷоизаи вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар бахшҳои адабиёт, санъат ва меъморӣ ҷоиза супорида шуд.

Ҳамин тавр, Ҷоизаи вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар бахши адабиёт ба Маъруф Бобоҷон барои асари “Тавба” ва ба Сайидамин Ҷило барои китоби “Гулшани ҳунар”, дар бахши санъат ба Зулфия Тӯйчиева барои офариниши беҳтарин нақши модар дар саҳна ва ба Ӯлмаси Хол барои нигориши силсилабарномаҳои идона, дар бахши меъморӣ ба Рустамҷон Сангинов барои офариниши силсилаи осори ҳунарии миллӣ ва ба Аҳад Воҳид барои таҳияи лоиҳаи Қасри фарҳанги ноҳияи Ашт супорида шуд.

Ҷоизаи вилоятии ба номи Бобоҷон Ғафуров дар бахши илм ба Содирхон Умаров барои таҳияи китоби “Маноқиби Шайх Маслиҳатдини Хуҷандӣ” ва Ваҳҳоб Набиев барои таълифи китоби “Ваҳдат – мароми олии миллат” тақдим гардид.

Гуфта мешавад, ҳамзамон ба гурӯҳи калони фаъолони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудофиаи гражданӣ, намояндагони ташкилоту идораҳои вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва намояндагони расонаҳои хабарӣ Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супорида шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.