Ифтитоҳи комендатураи нави сарҳадӣ дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ

Дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ бо иштироки раиси КДАМ Тоҷикистон генерал-полковник Саймумин Ятимов комендатураи нави сарҳадӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Тавре ба “Азия-Плюс” тариқи телефон аз ВМКБ сардори маркази матбуоти Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар дод, дар комендатура барои сарбозону афсрони сарҳадбон тамоми шароити хизмат фароҳам оварда шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар комендатура […]

Дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ бо иштироки раиси КДАМ Тоҷикистон генерал-полковник Саймумин Ятимов комендатураи нави сарҳадӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре ба “Азия-Плюс” тариқи телефон аз ВМКБ сардори маркази матбуоти Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар дод, дар комендатура барои сарбозону афсрони сарҳадбон тамоми шароити хизмат фароҳам оварда шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар комендатура барои афсарон ва оилаҳои онҳо манзили зист, макони зисту ҷойи хоб (казарма) барои сарбозон, китобхона, ҳаммом, майдони варзишӣ, майдони сафороӣ, хонаи истироҳат, ҳуҷраи нигаҳдории силоҳ ва қароргоҳҳои таваққуфи техникаи ҳарбӣ сохта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ҳамчунин барои хизматчиёни ҳарбии дидбонгоҳи сарҳадии “Харгӯшӣ” воқеъ дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ бинои нави муосири ҷавобгӯ ба талаботи хизмати ҳарбӣ мавриди истифода қарор гирифтааст.

Қобили зикр аст, ки дидбонгоҳи сарҳадии “Харгӯшӣ” баландтарин натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. Он дар баландии беш аз 4 ҳазор метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст.

Танҳо тайи 10 соли охир дар Тоҷикистон, асосан дар сарҳад бо Афғонистон зиёда аз 150 дидбонгоҳҳои хурду бузург сохта шуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.