Фестивали III байнулмилалии филмҳои кӯтоҳи “Навсоз” дар Душанбе

Рӯзҳои 16-19 сентябри соли равон дар Душанбе Фестивали III байнулмилалии филмҳои кӯтоҳмуддати “Навсоз” доир мегардад. Имсол барои иштирок дар фестивал беш аз 50 филмҳо довталабӣ карда, миёни онҳо 20 филм интихоб шуд. Тавре ба “Азия-Плюс” Муҳибназар Холназаров, директори ташкилоти ҷамъиятии “Навсоз” хабар дод, имсол дар фестивал 5 филм аз Тоҷикистон, 3 филм аз Қазоқистон, 2-филмӣ […]

Рӯзҳои 16-19 сентябри соли равон дар Душанбе Фестивали III байнулмилалии филмҳои кӯтоҳмуддати “Навсоз” доир мегардад. Имсол барои иштирок дар фестивал беш аз 50 филмҳо довталабӣ карда, миёни онҳо 20 филм интихоб шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” Муҳибназар Холназаров, директори ташкилоти ҷамъиятии “Навсоз” хабар дод, имсол дар фестивал 5 филм аз Тоҷикистон, 3 филм аз Қазоқистон, 2-филмӣ аз Қирғизистон, Арманистон, Ӯзбекистон, ИМА ва Беларус намоиш дода мешаванд.

Фестивали кино ба соли Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида мешавад. Маросими ифтитоҳи фестивал дар кинотеатри “Ватан” санаи 16 сентябр соати 18:00 баргузор шуда, намоиши филмҳо низ дар толори ҳамин кинотеатр сурат мегирад. Санаи 20 август натиҷаҳои фестивал ҷамъбаст мешаванд.

Ба гуфтаи созмондиҳандагони чорабинӣ, дар доираи фестивал дар 3 номинатсия – “Беҳтарин филми ҳунарии байнулмилалӣ”, “Беҳтарин филми мустанад” ва “Беҳтарин филми тасвирӣ” озмун доир гардида, боз дар як номинатсияи сатҳи ҷумҳуриявӣ низ филмҳо барои ғолибият довталабӣ мекунанд.

Дар фестивал аз Тоҷикистон филмҳои кӯтоҳмуддати «Бархӯрд»-и Фирдавси Нину, «Кулол»-и Ҷумъабой Расулов, «Умарако»-и Далери Имомалӣ, «Мизроби фалак»-и Рустам Шоазимов, «Хонаи меҳр»-и Бобоҷон Мухтоҷов пешниҳод шудааст.

Фестивали III байнулмилалии филмҳои кӯтоҳмуддати “Навсоз” бори нахуст рӯзҳои 16-20 сентябри соли 2016 ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор шуда, дар он 22 филми кӯтоҳмуддат намоиш дода шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.