Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар Хоруғ бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими расмии ифтитоҳи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ доир мегардад; – Дар Варзишгоҳи марказии Душанбе таҳти унвони “Кино зери осмони фарогир (инклюзивӣ)” чорабинӣ доир гардида, филми “А я в душе танцую” (оғоз соати 19:00) намоиш дода мешавад. Арзиши билет – 20 сомонӣ. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат […]

АНОНС

– Дар Хоруғ бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими расмии ифтитоҳи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ доир мегардад;

– Дар Варзишгоҳи марказии Душанбе таҳти унвони “Кино зери осмони фарогир (инклюзивӣ)” чорабинӣ доир гардида, филми “А я в душе танцую” (оғоз соати 19:00) намоиш дода мешавад. Арзиши билет – 20 сомонӣ.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.4224 сомонӣ;

1 евро – 11.0101 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1378 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1989 — Таъсиси ҳаракати ҷамъиятии «Растохез»

2006 — Бонки давлатии Чин барои рушди бахши кишоварзии Тоҷикистон дар ҳаҷми 10 млн. доллари ИМА қарз ҷудо кард.

1977 – Зодрӯзи олими соҳаи тиб, ҷарроҳ Музаффар Набиев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +24+29; дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +15+20.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +28+33; дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +25+30.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +8+13, рӯзона +19+24; дар шарқ шабона -4+1, рӯзона +11+16.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +25+30; дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +20+25.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +27+29.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +27+29.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +30+32.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +22+24.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.