Боздошти автобус бо 57 муҳоҷири тоҷик дар Тюмен

Раёсати ВКД Русия дар вилояти Тюмен аз боздошти автобус бо 57 нафар муҳоҷирони кории тоҷик хабар медиҳад, ки бо анҷоми мавсими корӣ аз Русия ба ватан бармегаштанд. Кормандони пулис зимни рейди навбатӣ оид ба пешгирии қонуншиканиҳо дар бахши муҳоҷират автобусро боздошт намудаанд. Зимни санҷиши ҳуҷҷатҳо маълум шудааст, ки аз 57 нафар шаҳрвандони хориҷӣ 37 нафарашон […]

Раёсати ВКД Русия дар вилояти Тюмен аз боздошти автобус бо 57 нафар муҳоҷирони кории тоҷик хабар медиҳад, ки бо анҷоми мавсими корӣ аз Русия ба ватан бармегаштанд.

Кормандони пулис зимни рейди навбатӣ оид ба пешгирии қонуншиканиҳо дар бахши муҳоҷират автобусро боздошт намудаанд.

Зимни санҷиши ҳуҷҷатҳо маълум шудааст, ки аз 57 нафар шаҳрвандони хориҷӣ 37 нафарашон қонунгузории муҳоҷиратро риоя накарда, барои ҳузури қонунӣ дар қаламрави Русия ҳуҷҷати дахлдор надоштаанд, вале муддати чандин моҳ дар маркази вилоят машғули кор будаанд. иттилоъ медиҳад портали “Новый день”-и Тюмен.

https://www.youtube.com/watch?v=piGduyqVaKA

Нисбати мусофирони автобус мутобиқи моддаи 18.8 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия (Вайрон кардани реҷаи будубош дар Русия аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ) 49 санади маъмурӣ тартиб дода шуда, 5 нафар аз қаламрави Русия ихроҷ карда мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.