Дар Тоҷикистон яке аз нерӯгоҳҳои баландкӯҳтарин ба истифода дода шуд

Дар идомаи сафари корӣ ба ВМК субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мурғоб  ташриф овард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар ин ҷо нахуст бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон Нерӯгоҳи барқи обии хурди “Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Нерӯгоҳи барқи обии хурди “Тоҷикистон” дорои иқтидори 1500 кВт буда, он ташкилоту идора ва […]

Дар идомаи сафари корӣ ба ВМК субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мурғоб  ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар ин ҷо нахуст бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон Нерӯгоҳи барқи обии хурди “Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Нерӯгоҳи барқи обии хурди “Тоҷикистон” дорои иқтидори 1500 кВт буда, он ташкилоту идора ва аҳолии ноҳияи Мурғобро пурра бо барқ таъмин мекунад. Сокинони ин ноҳияи дурдасти мамлакат дар самти дастрасӣ ба нерӯи барқ танқисӣ доштанд ва бо мавриди истифода қарор додани неругоҳ мушкили чандинсолаи онҳо бартараф шуд.

Гуфта мешавад, баландии сарбанди неругоҳ 64 метр ва дарозии он 12 метрро ташкил медиҳад. Сарбанди мазкур дар Тоҷикистон ягона сарбанде мебошад, ки дар он иншооти махсуси моҳигузар сохта шудааст. Ин сарбанд боис бар он мегардад, ки болотар аз он ҳаҷми нисбатан зиёди об ба андозаи 2 млн. метри мукааб ҷамъ шавад ва ҳам барои нерӯгоҳи барқи обӣ ва ҳам барои ҳифзи экологӣ, аз ҷумла моҳиҳо қулай мебошад.

Толори мошинҳо масоҳати 468 метри мураббаъро ташкил дода, он бо истифода аз конструксияи металӣ ва панелҳои махсус сохта шудааст. Ин масолеҳ қобилияти гарминигоҳдорӣ аз дохил ва қобилияти хунукинигоҳдориро аз берун дошта, дар шароити ноҳияи Мурғоб мувофиқ мебошад.

Дар ноҳияи Мурғоб Президенти мамлакат дар маросими ифтитоҳи бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок кард. Бинои мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат аст. Иншоот ҳамчунин дорои таваққуфгоҳ барои нақлиёти хизматӣ мебошад. Дар ошёнаи якум бойгонӣ, ошхона бо 30 ҷои нишаст, маҷлисгоҳ бо 240 ҷой ва дигар иншооти ёрирасон ҷой дода шудааст. Ошёнаи 2-юм бошад, аз утоқҳои корӣ иборат аст. Сохтмони иншооти мазкур ҳанӯз моҳи августи соли 2017 оғоз гардида буд.

Президенти Тоҷикистон ҳамчунин ба фаъолияти бинои маъмурии Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия ҳусни оғоз бахшид. Иншооти мазкур дар масоҳати 900 метри мураббаъ доман густурда, қитъаи ҷудогардида барои бинои асосӣ 132 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бино аз 3-ошёна иборат аст ва он ҷавобгӯ ба талаботи муосир бунёд шудааст.

Зимни суханронӣ дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Мурғоб Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки тӯли 27 соли истиқлолият дар оҳияи Мурғоб аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногун ба маблағи умумии 284 миллион сомонӣ зиёда аз 140 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ва инфрасохторӣ бунёду азнавсозӣ ва мавриди истифода қарор дода шудааст ва 70 фоизи маблағҳои азхудшуда танҳо ба се соли охир рост меояд

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.