Ронандазан марди 59-соларо пахш намуда, ба марги ӯ боис гардид

Шаби рӯзи 12-уми сентябр ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” Матлуба Наҷмиддиноваи 40-сола ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Тоҳирҷон Тоҳирови 59-сола, сокини ноҳияи Аштро пахш намудааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар натиҷа, пиёдагарди мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат […]

Шаби рӯзи 12-уми сентябр ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” Матлуба Наҷмиддиноваи 40-сола ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Тоҳирҷон Тоҳирови 59-сола, сокини ноҳияи Аштро пахш намудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар натиҷа, пиёдагарди мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, як рӯз пештар ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Бузургмеҳр Мирзоҳомидови 34-сола, сокини шаҳри Бӯстон, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Душанбе-Айнӣ”, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба дарёи “Варзоб” чаппа шудааст.

Дар натиҷа, худи ронанда Мирзоҳомидов Б.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Тибқи маълумоти ВКД Тоҷикистон, нимсолаи аввали соли равон дар роҳҳои ҷумҳурӣ наздики 700 ҳодисаҳои садамаи нақлиёт рух дода, бар асари онҳо беш аз 200 нафар ҳалок ва 534 тан ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.