Муҷассамасози хуҷандӣ Ҷомӣ ва Навоиро устоду шогирд тасвир кард

Дар ҷараёни сафари рӯзҳои 27-28 сентябр пешбинишудаи президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар боғи ба номи Алишер Навоии пойтахт муҷассамаи классикони адабиёти тоҷику ӯзбек Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ қомат меафрозад. Муаллифи пайкара муҷассамасоз, Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Ғафур Ҷӯраев мебошад. Аз мақомоти шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” дар ин робита […]

Дар ҷараёни сафари рӯзҳои 27-28 сентябр пешбинишудаи президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар боғи ба номи Алишер Навоии пойтахт муҷассамаи классикони адабиёти тоҷику ӯзбек Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ қомат меафрозад.

Муаллифи пайкара муҷассамасоз, Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Ғафур Ҷӯраев мебошад.

Аз мақомоти шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” дар ин робита гуфтанд, тасмим гирифта шудааст, ки то маросими расмии ифтитоҳи муҷассама акси он дар ВАО нашр нашавад. Ҳайкал алллакай дар боғи рӯ ба рӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гузошта шуда, лекин бо пардае аз чашми тамошобинон пӯшонида шудааст.

Муаллифи муҷассама Ғафур Ҷӯраев мегӯяд, пайкара аз алюминий сохта шуда, дар ҳайкал Ҷомӣ ва Навоӣ ҳамчун устоду шогирд тасвир шудаанд.

“Муътақидам, ки тасвири устоду шогирд ҳамчун дӯстон ҷоиз нест. Дар офаридани ҳайкал ман кӯшиш кардам, ки ду мутафаккирро ҳамчун устод ва пайрави ӯ тасвир намоям”, – қайд кард Ҷӯраев.

Ҳамчунин ӯ хотиррасон намуд, ки Алишери Навоӣ аз Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамеша чун устод ном мебурд, на балки дӯст.

Қобили зикр аст, ки Ғафур Ҷӯраев муаллифи муҷассамаҳои Камоли Хуҷандӣ дар Хуҷанд, Садриддин Айнӣ дар боғи ҳамномаш дар Душанбе, Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Зафаробод, Нақибхон Туғрал дар ноҳияи Айнӣ ва дигар ҳайкалҳо мебошад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.