Сохтмони манораи назоратӣ – диспетчерӣ дар фурудгоҳи Душанбе зимистон ба итмом мерасад

Сохтмони манораи назоратӣ-диспетчерӣ дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе пеш аз муҳлат – моҳи феврали соли 2019 ба итмом мерасад. Қаблан ба истифода додани иншоот охири тобистони соли оянда дар назар буд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон. Тибқи лоиҳа, баландии манора бояд аз 36 то 41 метрро ташкил медод, лекин бар асоси тасҳеҳоти […]

Сохтмони манораи назоратӣ-диспетчерӣ дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе пеш аз муҳлат – моҳи феврали соли 2019 ба итмом мерасад. Қаблан ба истифода додани иншоот охири тобистони соли оянда дар назар буд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Тибқи лоиҳа, баландии манора бояд аз 36 то 41 метрро ташкил медод, лекин бар асоси тасҳеҳоти воридшуда ба лоиҳа, баландии иншоот ба 42 метр расонида мешавад. То имрӯз корҳои сохтмон дар баландии то 32 метри манора ба анҷом расидааст.

Қаблан зикр гардида буд, ки барои сохтмон ва муҷаҳҳаз гардонидани манораи назоратӣ-диспетчерӣ дар фурудгоҳи Душанбе ҳукумати Фаронса 3 млн. доллар грант ҷудо кард. Аммо тибқи маълумоти Вазорати нақлиёт, барои сохтмони иншоот Фаронса ҳамагӣ 6 млн. евро маблағ ҷудо мекунад.

Маросими гузоштани санги асос барои сохтмони манораи нави назоратӣ-диспетчерӣ дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе санаи 14 марти соли 2018 доир гардида буд.

Лоиҳа аз ҷониби мутахассисони фаронсавӣ бо назардошти пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон таҳия шудааст.

Ба сохтмони ин иншооти муҳими стратегӣ барои соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон, ки сарпарасташ ҳукумати Фаронса аст, ширкати фаронсавии «Мarc Meunier» машғул аст».

Дар Вазорати нақлиёт мутмаинанд, ки лоиҳаи иншоот ба ҳамаи меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯ ва ба заминларзаи то 9 балл тобовар буда, сохтмони манораи нав ба беҳбуди сатҳи таъмини амнияти парвозҳо мусоидат менамояд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.