Афсари сарҳадбон сарбозро наҷот дода, худаш ҳалок шуд

Капитани Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, фармондеҳи яке аз дидбонгоҳҳои сарҳадии Ҳамадонӣ Суҳроб Қосимов ҳангоми талоши наҷот сарбоз, ки ба дарёи Панҷ афтида буд, ба ҳалокат расид. Ин ҳодиса рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта, санаи 13 сентябр рух дод. Дар ин рӯз гурӯҳи сарҳадбонон бо роҳбарии капитан дар соҳили дарёи Панҷ мавзеи наздимарзиро бо Афғонистон аз назар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Капитани Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, фармондеҳи яке аз дидбонгоҳҳои сарҳадии Ҳамадонӣ Суҳроб Қосимов ҳангоми талоши наҷот сарбоз, ки ба дарёи Панҷ афтида буд, ба ҳалокат расид.

Ин ҳодиса рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта, санаи 13 сентябр рух дод. Дар ин рӯз гурӯҳи сарҳадбонон бо роҳбарии капитан дар соҳили дарёи Панҷ мавзеи наздимарзиро бо Афғонистон аз назар мегузарониданд.

“Сарбози ҳамроҳаш Худойдод Худойдодов пояш лағжида, ба дарёи Панҷ меафатад ва афсар ба наҷоти ӯ шитофта, барои аз об баромадани ӯ кумак кард, вале барои худашро аз оби хунук берун гирифтан қувваташ нарасид”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ва илова намуда, ки сарбози наҷотёфта дар беморитсон бистарӣ шуд.

Ҷасади афсар Суҳроб Қосимов рӯзи 14 октябр дар зодгоҳаш – ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба хок супурда шуд.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон ин ҳодиса мавриди таҳқиқи прокуратураи ҳарбии Тоҷикистон қарор дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.