Толиб Айёмбеков: Қарзро бармегардонам, ҳукумат ба ман дигар даъвое надорад

Яке аз пешвоёни ғайрирасмии ВМКБ Толиб Айёмбеков дар мусоҳибаи телефонӣ ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки ба ҷуз қарзи бонкии пардохташ батаъхирафтода ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ, ҳукуматдорон дигар нисбати ӯ ҳеҷ даъвое надоранд. Ӯ ба “Азия-Плюс” зикр кард, ки чанде қабл ихтиёрӣ ба прокуратураи вилоят рафта, дархост намудааст, ки сабаби дар ҷаласаи ситоди байниидоравӣ оид […]

Яке аз пешвоёни ғайрирасмии ВМКБ Толиб Айёмбеков дар мусоҳибаи телефонӣ ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки ба ҷуз қарзи бонкии пардохташ батаъхирафтода ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ, ҳукуматдорон дигар нисбати ӯ ҳеҷ даъвое надоранд.

Ӯ ба “Азия-Плюс” зикр кард, ки чанде қабл ихтиёрӣ ба прокуратураи вилоят рафта, дархост намудааст, ки сабаби дар ҷаласаи ситоди байниидоравӣ оид ба ҷорӣ кардани тартибот дар қаламрави ВМКБ роҳбари гурӯи муташаккили ҷиноятӣ номбар кардани ӯро шарҳ диҳанд.

“Ба ман гуфтанд, ки ба ҷуз қарзи бонкии пардохташ батаъхирафтода нисбати ман дигар даъвое надоранд, ман ваъда додам, ки қарзро ояндаи наздик бармегардонам”, – қайд кард Айёмбеков.

Прокуратураи генералӣ: Парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст

Ҳукуматдорони Тоҷикистон дар маълумоти расмӣ Толиб Айёмбеков ва дигар пешвоёни ғайрирасмии ВМКБ – Мамадбоқир Мамадбоқиров, Ёдгор Мамадасламов, Хурсанд Мазоров ва Мунаввар Шанбиевро роҳбарони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша дар Хоруғ унвон карданд.

Дар маълумоте, ки рӯзи 20 октябр дар сонаи АМИТ “Ховар ба чоп расид, гуфта мешавад, аз шахсони зикршуда, ҳамчунин дигар сокинони шаҳри Хоруғ наздики 200 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла: 72 адад «Автомати Калашников», 3 адад «Пулемёт», 2 адад гранатамёт, 1 адад комплекси зенитӣ, 37 адад «Таппонча», 11 адад «Карабин», 47 адад дигар намуди силоҳ, 36 адад норинҷак, зиёда аз 4 700 адад лавозимоти ҷангӣ ва 900 грамм маводҳои тарканда мусодира карда шуд.

Дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки нисбати шахсони дар боло зикршуда айни замон ҳеҷ гуна парвандаи ҷиноятӣ боз нашудааст.

“Баъзе маълумот доир ба даст доштани афроди зикршуда ба содир намудани ин ё он ҷиноят мавриди тафтиш қарор дорад”, – гуфтанд дар Прокуратураи генералӣ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.