КДАМ тарҳрезии амали террористиро тасдиқ кард (НАВШУДА)

Бино ба маълумоти котиби матбуоти Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон далели тарҳрезии амали террористӣ ҷой дошт. Бо истинод ба маълумоти расида, маълум шуд, ки муовини аввали раиси КДАМ ҶТ генерал-лейтенант Умаров М.Г. дар доираи музокироти парлумонӣ дар Маҷлиси Олӣ изҳор доштааст, ки “тафтиши парвандаи террористон қариб ба итмом расида, ояндаи наздик ба баррасии суд дода […]

Бино ба маълумоти котиби матбуоти Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон далели тарҳрезии амали террористӣ ҷой дошт.

Бо истинод ба маълумоти расида, маълум шуд, ки муовини аввали раиси КДАМ ҶТ генерал-лейтенант Умаров М.Г. дар доираи музокироти парлумонӣ дар Маҷлиси Олӣ изҳор доштааст, ки “тафтиши парвандаи террористон қариб ба итмом расида, ояндаи наздик ба баррасии суд дода мешавад”.

Умаров ҳамчунин хабар додааст, ки террористон ба сафҳои “Давлати исломӣ” ҷалб шуда, тариқи интернет ба ин созмон савганди садоқат ёд кардаанд. Онҳо нисбати пойгоҳи низомии 201 Русия дар Тоҷикистон амалҳои террористӣ содир карданӣ будаанд.

Лекин бо кӯшиши КДАМ аз ин амалҳои террористӣ пешгирӣ шуда, иштирокчиёни он бо далелҳои шайъӣ ҳафтаи гузашта дар хонаи яке аз аъзои гурӯҳ дастгир шудаанд, хабар дод генерал-лейтенант.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.