Оғози кори ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти арзони кишоварзӣ дар Душанбе

Имрӯз дар Душанбе ярмаркаҳои дурӯзаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба кор шурӯъ намуданд. Дар ин бора қарори раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ “бо мақсади ғанӣ гардонидани бозори маҳсулоти хӯроквории ниёзи аввалияи мардум” ба имзо расид. Маъмулан чунин ярмаркаҳои фурӯш дар рӯзҳои идҳои миллӣ ё дар остонаи ҷашнҳои Иди Рамазон ва Қурбон гузаронида мешаванд. Имрӯз дар Тоҷикистон маросими […]

Олег Буличев, махсус барои Asia-Plus

Имрӯз дар Душанбе ярмаркаҳои дурӯзаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба кор шурӯъ намуданд. Дар ин бора қарори раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ “бо мақсади ғанӣ гардонидани бозори маҳсулоти хӯроквории ниёзи аввалияи мардум” ба имзо расид.

Маъмулан чунин ярмаркаҳои фурӯш дар рӯзҳои идҳои миллӣ ё дар остонаи ҷашнҳои Иди Рамазон ва Қурбон гузаронида мешаванд.

Имрӯз дар Тоҷикистон маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун ҷашн гирифта мешавад. Давоми ду рӯз (16-17 ноябр) ба ин муносибат дар саросари кишвар чорабиниҳои ҷашнӣ барпо шуда, пагоҳ дар пойтахт бо мушакпарронии панҷдақиқаина ба итмом мерасад.

Ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар чор ноҳияи пойтахт ҷараён доранд. Мо аз ярмаркаи назди Театри опера ва балет боздид намудем. Нархҳо дар ин ҷо нисбат ба бозор 10-15% пасттаранд. Худатон қазоват кунед.

Ҳамин тариқ, маҳсулоти деҳқонони Хатлон ва навоҳии тобеи марказ дар бозори “Саховат” ва ҳосили кишоварзони Суғду Турсунзода, Ҳисор ва Шаҳринав дар бозори “Меҳргон” ба фурӯш гузошта мешаванд.

Дар майдони собиқ бозори Қарияи Боло метавон аз маҳсулоти кишоварзони Файзобод, Лахш ва Ваҳдат харидорӣ намуда, дар бозори “Ховарон” ярмаркаи фурӯши маҳсулоти деҳқонони Тоҷикобод, Рашт, Сангвор ва Нуробод доир мегардад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.