Изҳори сипоси Эмомалӣ Раҳмон ба Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун

Дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллерро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи молиявии ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Эмомалӣ Раҳмон ба Бонки ҷаҳонӣ […]

Дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллерро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи молиявии ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Бонки ҷаҳонӣ барои дарки муҳимияти бунёди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ, таҳқиқоти шаффоф ва ҳамкории судманд изҳори сипос карданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории судманд, дастгирии молиявӣ дар самти ноилшавӣ ба рушди устувор, самтҳои мухталифи рушд, амалигардонии ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолиро муҳокима карда, натиҷаҳои онро барои ҳар ду ҷониб баланд арзёбӣ намуданд.

Айни ҳол бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, обтаъминкунӣ, энергетика, нақлиёт, экология ва дигар соҳаҳо мавриди татбиқ қарор дорад.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуданд.

Интизорӣ меравад, ки ҷаноби Сирил Мюллер имрӯз меҳмони фахрии маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани арегати аввали нерӯгоҳи Роғун хоҳад шуд.

Оғози маросими ба истифода додани агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғун бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соати 16:00 дар назар аст.

Маросими мазкур имрӯз мустақиман дар мониторҳои бузург дар чор ноҳияи Душанбе – Боғи фарҳангу фароғати ба номи Айни; Боғи фарҳангу фароғати Фирдавсӣ; майдони 800-солагии Маскав ва назди Прокуратураи генералӣ намоиш дода мешавад. Пахши мустақим соати 15:30 дақиқа оғоз мегардад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.