Собиқ раиси ВМКБ ваколати аъзои Маҷлиси миллиро месупорад

Собиқ раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед ояндаи наздик бо хоҳиши худ ваколати аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, муовини раиси ин Маҷлисро месупорад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз парлумони ҷумҳурӣ. Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон собиқ раиси ВМКБ охири ҳафтаи гузашта муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар таъин шуда, мутобиқи меъёрҳои қонунгзории кишвар, […]

Наим Халимов

Собиқ раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед ояндаи наздик бо хоҳиши худ ваколати аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, муовини раиси ин Маҷлисро месупорад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз парлумони ҷумҳурӣ.

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон собиқ раиси ВМКБ охири ҳафтаи гузашта муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар таъин шуда, мутобиқи меъёрҳои қонунгзории кишвар, дигар курсии вакилӣ дар ҳама гуна сатҳҳоро ишғол карда наметавонад.

Бино ба гуфтаи манбаъ, ба курсии аъзои нав дар Маҷлиси миллӣ аз ВМКБ, муовини раиси Маҷлис номзадии раиси нави аз ҷониби президент таъиншудаи ВМКБ Ёдгор Файзов пешбарӣ мешавад.

Қобили зикр аст, ки 25 нафар аъзои палатаи болоии парлумони Тоҷикистонро вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ (панҷ нафарӣ аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ) интихоб карда, 8 нафарро бо фармони худ президент таъин мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.