Cоли нави чинӣ бо ширкати Tcell – боз ҳам наздиктар!

Соли нави чинӣ – барои сокинони Чин ва бархе аз кишварҳои осиёӣ иди асосӣ, муҳим ва беҳтарин маҳсуб меёбад. Бо дарки муҳимияти ин ид, ширкати Tcell барои намояндагони ширкатҳои чинӣ, ки дар Тоҷикистон кор мекунанд ва муштарии ширкат мебошанд, ҷашни иди Соли нави чиниро баргузор кард. Соли нави чинӣ бузургтарин иди мардуми он кишвар маҳсуб […]

Соли нави чинӣбарои сокинони Чин ва бархе аз кишварҳои осиёӣ иди асосӣ, муҳим ва беҳтарин маҳсуб меёбад. Бо дарки муҳимияти ин ид, ширкати Tcell барои намояндагони ширкатҳои чинӣ, ки дар Тоҷикистон кор мекунанд ва муштарии ширкат мебошанд, ҷашни иди Соли нави чиниро баргузор кард.

Соли нави чинӣ бузургтарин иди мардуми он кишвар маҳсуб ёфта, ҳудуди 14 рӯз онро таҷлил менамоянд! Худи чиниҳо онро Соли нав- Иди Баҳор меноманд ва аммо таърихи ин ид ба 4000 соли қабл иртибот мегирад. Дар рӯзҳои таҷлил аз он ҳама хонавода гирди ҳам меояд ва хонаро бо чароғу лентаҳои сурх оро медиҳанд. Дар арафа ва рӯзҳои ид дар Чин оташбозӣ, таркондани маводҳои пиротехникӣ зиёд сурат мегирад. Ба қавли чиниҳо, ин барои тарсонидани қувваҳои бадӣ ва истиқболи нав омили аз ҳама асосист.  

Таҷлил аз Иди Соли нави чинӣ дар Тоҷикистон бо сабаби дар ин ҷо ба сар бурдани теъдоди зиёди сокинони Чин ва фаъолияти корхонаҳои он дар қаламрави ҷумҳурӣ ба ҳукми анъана даромадааст.

Зимнан, ширкати Tcell низ ин анъанаро нигоҳ дошта, барои муштариёни корпоративии ширкат чанд сол боз таҷлили соли нави чиниро баргузор менамояд. Соли нави чинӣ – беҳтарин баҳонаест барои ошно шудан ба фарҳанг, тамаддун ва таърихи ин халқ. Аснои ҷашнгирии соли нави чинӣ, ки ширкати Тсеll онро баргузор кард, рақси “Аждаҳо”-и чинӣ, тарона ва оҳангҳои тоҷикӣ, сурудҳои миллии чинӣ, расмкашӣ ва бисёр лаҳзаҳои тафреҳии муштаракро дидан мумкин буд.    

«Барои мо, махсус барои ширкати Tcell ташкил ва баргузории чунин мулоқотҳо бо доираҳои соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ аз манфиат холӣ нест. Дар баробари саҳмгузорӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон, чиниҳое, ба ҷумҳурии мо меоянд, дар ғанигардонии фарҳангу русму русуми мо саҳм мегиранд. Бо мусоидати онҳо, санъати таббохӣ (таҳияи ғизо), анъана ва фарҳанги мо боз ҳам рушд хоҳад ёфт”,- мегӯяд директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.

Ширкати Tcell барои муштариёни корпоративиаш иртиботи боэътимодро бо сифати олӣ таъмин намуда, ҳамарӯза ҷиҳати тақвияти алоқа саъю кӯшиш менамояд. Ҳар як муштарӣ дар ширкат ба таври алоҳида хидмат мегирад ва барояш беҳтарин хизматгузорӣ ва роҳи қулайи он пешниҳод мегардад. Аз оддитарин навъи хизматрасонӣ то интихоби забони муошират дар ширкат барои муштарин муҳайё аст. Ҳангоми таҷлили Соли нави чинӣ муаррифии хидматрасониҳо, маҳсулот ва навгониҳои ширкати Tcell пурра бо забони чинӣ барои меҳмонон ироа гардид.
Чунин муносибат ба ҳар як муштарии корпоративӣ фазои эътимоду ҳамкориро тақвият дода, барои боз ҳам рушди ҳамкориҳои дуҷониба заминаи мусоид фароҳам меорад. 

___________________

 Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.