Қайди беш аз 1,2 ҳазор ҳолатҳои таъхири парвоз дар фурудгоҳи Душанбе соли 2018

Соли 2018 дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД), беш аз 1,2 ҳазор ҳолатҳои ба таъхир гузошта шудани парвози ҳавопаймоҳо ба қайд гирифта шудааст. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ФБД, сабаби асосии таъхири парвозҳо дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи макони парвоз буда, соли гузашта 925 чунин ҳолатҳо ба вуҷуд омадааст. Ғайр аз ин, сабаби таъхири парвоз дар […]

Соли 2018 дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД), беш аз 1,2 ҳазор ҳолатҳои ба таъхир гузошта шудани парвози ҳавопаймоҳо ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ФБД, сабаби асосии таъхири парвозҳо дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи макони парвоз буда, соли гузашта 925 чунин ҳолатҳо ба вуҷуд омадааст.

Ғайр аз ин, сабаби таъхири парвоз дар 117 ҳолатҳо – ба дахолати ширкатҳои ҳавопаймоӣ (иваз кардани ҳавопаймо ва экипаж, бақайдгирии иловагӣ ва супориши намоянда, тағйирёбии парвозҳо ва ғайра), 49 ҳолат – ба номусоидии обу ҳаво ва 18 ҳолат – ба ҷорӣ будани реҷа рост омадааст.

Гуфта мешавад, соли 2018 ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” ба зиёда аз 1,3 млн. нафар мусофирон хизмат расонидааст, ки нисбат ба соли гузашта 1,6% ёхуд 20,6 ҳазор нафар мусофир зиёдтар мебошад.

“Соли 2018 миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби терминали боркашонии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қабулгардида ва интиқолдодашуда беш аз 2,5 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки назар ба соли гузашта 2,0% ё худ 50,0 тн. зиёдтар аст”, – омадааст дар маълумоти фурудгоҳ.

Қайд мешавад, ки парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 13 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла, 4 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои хориҷи дур (“Turkish Airlines», “Kam air», “Хатҳои ҷанубии Хитой”, FlyDubai ), 7 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои ИДМ («Сибир”, “Ют Эйр”, “Урал” – Россия, “Авиатрафик” – Қирғизистон, “Эйр Астана”, СКАТ – Қазоқистон, “Ўзбекистон ҳаво Йуллари”-Ўзбекистон) ва 1 ширкати ватании «Сомон Эйр» ба амал оварда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон – Тоҷик Эйр” аз оғози соли равон парвозҳоро ба ҳамаи самтҳо қатъ намуд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавопаймоҳо ба 13 шаҳрҳои Федератсияи Россия, инчунин ба Қирғизистон, Қазоқистон, Ўзбекистон, Олмон, Хитой, Афғонистон, Туркия, Ҳиндустон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Эрон парвоз мекунанд. Миқдори умумии хатсайрҳои доимии ширкатҳои ҳавопаймоии мазкур дар як рўз 15 ададро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.