Ба муомилот баромадани пули нави 100-ҳазорсӯмии Ӯзбекистон

Бонки марказии Ӯзбекистон (БМӮ) ба воситаи саҳифаи худ дар Telegram хабар дод, ки сар аз 25 феврал дар ин кишвар пули нави 100-ҳазорсӯмӣ ба муомилот мебарояд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба огаҳии бонк, пули 100-ҳазорсӯмӣ ба донишманди маъруфи ӯзбек Мирзо Улуғбек ва дастовардҳои ӯ дар бахши ситорашиносӣ бахшида шудааст. Гуфта мешавад, дар […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Бонки марказии Ӯзбекистон (БМӮ) ба воситаи саҳифаи худ дар Telegram хабар дод, ки сар аз 25 феврал дар ин кишвар пули нави 100-ҳазорсӯмӣ ба муомилот мебарояд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба огаҳии бонк, пули 100-ҳазорсӯмӣ ба донишманди маъруфи ӯзбек Мирзо Улуғбек ва дастовардҳои ӯ дар бахши ситорашиносӣ бахшида шудааст.

Гуфта мешавад, дар канори чапи пул расми муҷассамаи Мирзо Улуғбек тасвир гаштааст. Ҳамчунин дар он бо ранги сабз унсурҳое наққошӣ шудаанд, ки шахсони нобино метавонанд ба воситаи онҳо ҳаҷми пулро муайян кунанд.

Ёдрас мешавад, БМӮ 15 январи соли равон хабар дода буд, ки Сенати Маҷлиси олии Ӯзбекистон тарҳи пули 100-ҳазорсӯмиро тасдиқ кард. Мақомоти ӯзбек он замон гуфтанд, ки пули нав ба хотири осон кардани кори сокинон ҳангоми истифода, нигаҳдорӣ ва интиқоли нақдина ба муомилот бароварда мешавад.

Вале чанд рӯз пас аз ин хабари БМӮ манобеъ гуфтанд, ду дастгоҳи нашри асъори миллӣ дар ин кишвар шикастаанд ва эҳтимол дорад, пули нав нашр нашавад. Ба гуфтаи як манбаи огаҳ, дастгоҳҳо ба далели қатъи пайдарпайи нирӯи барқ корношоям шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.