“Оббо, даҳшат”. Садое, ки Душанберо ба ларза овард

Саидэҳсон Солиев, рӯзноманигори радиои “Имрӯз” чанд сол пеш бо садои марғуладори худ на фақат дар Душанбе, балки дар тамоми кишвар машҳур гардид. Ӯ бо услуби ба худ хос ва садои ғафсу гулғуладор дар радио хабар мехонд ва мардумро ба мутолиаи шумораи нави газетаи “ИмрӯзNEWS” ташвиқ менамуд. Дар нақлиёти ҷамъиятӣ ҳар вақте овози ӯ садо медод, […]

Asia - Plus

Саидэҳсон Солиев, рӯзноманигори радиои “Имрӯз” чанд сол пеш бо садои марғуладори худ на фақат дар Душанбе, балки дар тамоми кишвар машҳур гардид. Ӯ бо услуби ба худ хос ва садои ғафсу гулғуладор дар радио хабар мехонд ва мардумро ба мутолиаи шумораи нави газетаи “ИмрӯзNEWS” ташвиқ менамуд. Дар нақлиёти ҷамъиятӣ ҳар вақте овози ӯ садо медод, мусофирон аввал бо диққат гӯш медоданд, ки чӣ мегӯяд, баъд ба муҳокима оғоз мекарданд: “садои зӯр дорад”, “воҳима мекунад”, “гулӯи ин бача дард намекарда бошад?”, “ҳамин бачаро як маротиба аз пеш дида, як – ду мушт задан даркор”… Садои Саидэҳсон Солиев ба ҳадде машҳур гардида буд, ки ҳаҷвнигорони шинохта ба ӯ тақлид мекарданд ва саҳнаҳои зиёди ҳаҷвӣ дар телевизионҳои давлатӣ пахш карда мешуд.

Ӯ ҳоло ҳам дар радиои “Имрӯз” фаъолият дорад ва ровии барномаи “Минбар” аст. Дар “Рӯзи ҷаҳонии садо”, ки ҳар сол 16 апрел таҷлил мегардад, бо Саидэҳсон Солиев мусоҳиба намудем.

– Идеяи бо садои марғуладор хондани хабару матлабҳои таблиғотӣ аз куҷо пайдо шуд?

– Аслан ин идея дар идораи радиои “Имрӯз”, ки онҷо кор мекунам, пайдо гардид. Як – ду маротиба бо садои баланд ва марғуладор сарлавҳаи мақолаҳоро хондам, ки ҳамкасбонам Хайруллои Абдуваҳҳобу Умедҷони Саъдулло пешниҳоди дар эфири радио хонданро карданд. Як маротиба дар радио матолиби нашркардаи газетаи “ИмрӯзNEWS”-ро таблиғ намудам. Нафарони зиёд занг зада хоҳиш карданд, ки идома диҳам. Ҳамин тавр бо “васваса”-и ҳамкорону шунавандагони радио усули хоси худро пайдо кардам. Дигар бо ҳамон садои марғуладор хабарҳоро мехондам, матолиби газетаро таблиғ менамудам.

– Оё дар ҳаёти маъмулӣ ҳам бо ҳамин садоятон суҳбат мекунед?

– Не, орому ботамкин суҳбат менамоям. Вагарна кайҳо гулӯдард мешудам (махандад).

Инҷо метавонед садои Саидэҳсон Солиевро шунавед, ки як рубоиро бо ду тарз қироат кардааст.

– Садои марғуладор доштан чӣ гуна аст? Оё пас аз “кашф”-и ин садо зиндагиатон тағйир ёфт?

– Ҳолатҳое буданд, ки садоям бароям кӯмак мекарданд. Вақте одамон мефаҳмиданд, ки ҳамон садои “даҳшат” аз ман аст, механдиданд ва бо ман чун як нафари шинохта муносибат мекарданд. Аммо ҳолатҳое буданд, ки ин садо бароям дарди сар эъҷод мекард. Дар умум муносибат якранг набуду нест.

Дуруст, нафаре, ки садои хуб дорад, метавонад маблағи хуб кор кунад. Ӯ метавонад дар наворҳои таблиғоти садояшро кор барад ва сармоя ба даст орад. Аммо ман бо ин садоям маблағи зиёд кор карда наметавонистам ва ҳоло ҳам наметавонам. Зеро ман бештар масоили иҷтимоиву сиёсиро баррасӣ мекардам ва газетаеро таблиғ менамудам, ки бештар матолиби иҷтимоӣ нашр менамуд. Онҳое, ки маҳсулоташонро таблиғ кардан мехоҳанд, аз “садои сиёсӣ”-и ман ҳарос доранд. Намехоҳанд борояшон дарди сар эҷод намоянд.

– Вақте дар кӯчаҳо ҳарф мезанед, бархӯрди мардуми оддӣ чӣ гуна аст?

– Ҳар рӯз бо мошини худам аз Душанбе ба ноҳияи Шаҳринав меравам. Баъзан аз роҳ мусофир мегирам, то ҳадди ақал пули сӯзишвории мошинамро барорам. Вақте бо он мусофирон суҳбат мекунам, аксари онҳо аз садоям мешиносанд ва мепурсанд, ки ҳамон журналисте нестам, ки дар радио фаъолият мекунам. Бо ханда мегӯям, ки бале ҳамон нафарам.

Рӯзе аз назди бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон як нафарро ба мошинам савор кардам. Дар мошин радиои «Имрӯз» фаъол буд. Вақте аз радио овози ман садо дод, мусофир бо қаҳр гуфт: “Ҳамин бачаро латукӯб карданд, зиндонӣ кардан. Боз пайдо шуда омадаасту бо ҳамин садои даҳшатбораш аз радио гап мезанад. Кӣ инро ба радио роҳ медода бошад?”

Тасаввур кунед, дар мошини ман нишаста боз маро бо лаҳни дурушт носазо мегуфт.

Аммо ман чизе нагуфтам. Вақте ба ҷойи лозима расидем, ба ӯ гуфтам, ки “ҳамоне нафаре, ки тамоми вақти сафар танқиду таҳқир кардед, манам”. Он мард дигар худашро гум кард ва намедонист чӣ гӯяд. Гапашро гум карда гуфт, ки “шумо маро нодуруст фаҳмидед”. Ба ӯ гуфтам, ки “шуморо хеле хуб фаҳмидам, аз мошин фароеду равед аз пайи коратон”.

Ба ин монанд ҳолатҳо зиёд рух медиҳанд ва ман кӯшиш мекунам оромиву хунсардиро нигоҳ дорам.

– Мегӯянд, ки баъзе аз мансабдорон ҳатто тоқати шунидани садои шуморо надоштанд…

– Ман хам инро шунидаам. Ҳатто шунидаам, ки як нафар мансабдор ба ронандааш супориш додааст: “Дар мошини хизматӣ ман ҳеҷ вақт ин садои “даҳшатбор”-ро нашунавам!” Аммо ин ҳама шунидаҳоям аст.

Аммо баъзан танҳо аз сабаби он ки сарлавҳаву муҳтавои мухтасари мақолаву гузориши дар нашрия чоршударо “воҳима” карда мехондам, роҳбарияти радиоро ба идораҳои гуногуни давлатӣ даъват мекарданду мепурсиданд. Баъзан пахши дубораи барномаро иҷозат намедоданд. Баъд, вақте мефаҳмиданд, ки дар мақола ё гузориш ягон гапи муқобили қонун нест, иҷоза медоданд, ки барнома пахш гардад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.