Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Маскав раҳсипор шуд

Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Русия раҳсипор шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, кишоварзӣ, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, энергетика ва захираҳои об, […]

Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Русия раҳсипор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, кишоварзӣ, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, энергетика ва захираҳои об, раиси вилояти Суғд, Директори Агентии назорати маводи нашъаовар, Президенти Академияи илмҳои ҶТ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, сардорони хадамотҳои гумрук ва зиддиинҳисорӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди сарони кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин, имзои созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи сохтмони мактабҳои таълимашон бо забони русӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикиитон, қарордоду шартномаҳои нав дар соҳаҳои тиҷорату савдо, сармоягузорӣ, амният, фарҳанг ва ҳамкорӣ байни минтақаҳои давлатҳо дар назар аст.

Аз эҳтимол дур нест, ки дар гуфтушунидҳо масъалаи авфи шаҳрвнадони Тоҷикистон, ки қаблан барои риоя накардани қонунгузории муҳоҷирати Русия аз ин кишвар ихроҷ шуда буданд, низ мавриди баррасӣ қарор гирад.

Солҳои наздик Русия барои сохтмони панҷ мактаби русзабон дар Тоҷикистон 6 миллиард рубл маблағ ҷудо мекунад. Барои бунёди ҳар кадоме аз мактабҳо ҷудо гардидани ҳудуди 1,2 млрд. рубл пешбинӣ шудааст. Мактабҳо бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ ва технологияҳои муосир таъмин карда мешаванд.

Дар ҳар кадоме аз мактабҳо бо таҳсил фаро гирифтани 1200 нафар кӯдакон пешбинӣ мешавад. Мактабҳо бо ҳадафи пешбурд ва густариши фарҳанги мардуми Русия ва забони русӣ дар Тоҷикистон бунёд мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.