Харҷи 24,8 млн. доллар аз буҷет дар интихоботи ғайринавбатии президенти Қазоқистон

Дар интихоботи ғайринавбатии президентии Қазоқистон, ки рӯзи 9 июн дар назар аст, тибқи маълумоти охири  саҳеҳшуда, аз буҷети давлат 24,8 млн. доллар ҷудо мешавад. Муовини аввали сарвазири Қазоқистон Алихон Смаилов дар ин робита изҳор намудааст, ки дар ҷаласаи ҳукумат доир ба ҷудо кардани 9,4 млрд. танга (24,8 млн. доллар) аз захираҳои ҳукумат барои баргузор намудани маъракаи […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар интихоботи ғайринавбатии президентии Қазоқистон, ки рӯзи 9 июн дар назар аст, тибқи маълумоти охири  саҳеҳшуда, аз буҷети давлат 24,8 млн. доллар ҷудо мешавад.

Муовини аввали сарвазири Қазоқистон Алихон Смаилов дар ин робита изҳор намудааст, ки дар ҷаласаи ҳукумат доир ба ҷудо кардани 9,4 млрд. танга (24,8 млн. доллар) аз захираҳои ҳукумат барои баргузор намудани маъракаи интихоботи президентӣ тасмим гирифта шудааст.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, лоиҳаи қарори мазкур дар сомонаи санадҳои меъёриву ҳуқуқии Қазоқистон нашр шудааст.

Гуфта мешавад, дар лоиҳа омадааст, ки аз ҳисоби захираҳои ҳукумат аз буҷети соли 2019 ба Комисияи марказии интихоботӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон дар маҷмуъ 24,8 миллион доллар ҷудо шавад.

Ба иттилои мақомот, 70 дарсади маблағи мазкур барои пардохти маоши касоне харҷ мешавад, ки дар маъракаи интихоботӣ фаъолият мекунанд.

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти муваққати Қазоқистон рӯзи 9 апрел эълом кард, ки дар кишвараш интихоботи ғайринавбатӣ баргузор мешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки пешбарии номзадҳо ба мақоми президентӣ 10 апрел шурӯъ шуд ва рӯзи 28 апрел ба поён хоҳад расид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.