Эмомалӣ Раҳмон: “Мо ба таҳкими ҳамкории стратегӣ бо Россия манфиатдорем”

Дар доираи сафари расмӣ ба Россия Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва бо раиси ҳукумати ин кишвар Медведев мулоқот карда, дар ҷараёни он маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот ва баррасии масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба изҳори хушнудӣ […]

Дар доираи сафари расмӣ ба Россия Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва бо раиси ҳукумати ин кишвар Медведев мулоқот карда, дар ҷараёни он маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот ва баррасии масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба изҳори хушнудӣ карда, таъкид дошт, ки Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкории стратегӣ бо Россия манфиатдор аст.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори рушди тиҷоратию иқтисодӣ, афзоиши гардиши мол, нақши муҳими Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ, ҳамкорӣ бо минтақаҳои Россия дар самтҳои гуногунро баррасӣ карданд.

Ҳар ду ҷониб масъалаи дастрас кардани маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Россия ва суръат бахшидан ба механизми маблағгузорӣ барои бунёди марказҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои муштаракро муҳокима намуданд.

Ба рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, гуманитарӣ, илму маориф, хусусан бо роҳи бунёди мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон, фароҳам овардани имконияти бештар ба ҷавонони тоҷик барои таҳсил дар мактабҳои русӣ ва ҷалби омӯзгорони русзабон аз Федератсияи Россия ба мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд.

Ҳамчунин зимни вохурӣ ҷонибҳо ҳамкорӣ дар самти таъмини амният ва ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ – техникӣ, андешидани тадбирҳои муштарак оид ба таҳкими иқтидори мудофиавӣ ва сарҳадотро баррасӣ карданд.

Қабл аз ин вохӯрӣ Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин мулоқот намуд, дар он вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Россия баррасӣ шуд.

Муҳимияти шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия, ҳамгироии байнидавлатӣ дар доираи кори Комисссияи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва Ассамблеияи байнипарлумонии ИДМ таъкид карда шуд ва муносибатҳои байнипарлумонӣ асоси маҷмуи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Россия арзёбӣ гардид.

Доир ба рушду густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат,ҳамкориҳои гуногунҷанба байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Россия, ҷалби бештари сармояи Россия ба иқтисодиёти Тоҷикистон, таҳкими робитаҳои манфиатбори дуҷониба дар соҳаҳои илму техника, фарҳангу иттилоот, тайёр кардани кадрҳои баланихтисоси соҳаи маориф ва забономӯзӣ табодули афкори судманд баргузор шуд.

Дар мулоқот барои дарёфти роҳҳои нави рушди ҳакориҳои дуҷонибаи ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ, таҳкими иқтидори мудофиавии Тоҷикистон ва масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардид.

Ҷонибҳо ҳамзамон масоили марбут ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, роҳу услуҳои нави тақвияти мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккил ва фаромиллиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар охир Эмомалӣ Раҳмон аз раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия даъват ба амал овард, ки дар вақти барояш муносиб ба Тоҷикистон ташриф орад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.