Роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт қимат нашуда, барзиёд савор кардани мусофирон манъ мешавад

Муддати аллакай ду моҳ аст, ки миёни аҳолии пойтахт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ овозаҳои болоравии ҳаққи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ ҷой доранд. Корбарони расона аз мо дархост намуданд, ки ба ин масъала рӯшанӣ андозем. “Намедонам то кадом андоза ин овоза ҳақиқат дорад, лекин субҳи имрӯз ронандаи микроавтобус (маршрутка) хабар дод, ки аз 1 май маблағи […]

Муддати аллакай ду моҳ аст, ки миёни аҳолии пойтахт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ овозаҳои болоравии ҳаққи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ ҷой доранд. Корбарони расона аз мо дархост намуданд, ки ба ин масъала рӯшанӣ андозем.

“Намедонам то кадом андоза ин овоза ҳақиқат дорад, лекин субҳи имрӯз ронандаи микроавтобус (маршрутка) хабар дод, ки аз 1 май маблағи роҳкиро дар ин навъи нақлиёти ҷамъиятӣ 2 сомониву 70 дирам мешавад. Шояд ин ба он вобаста бошад, ки аз меъёр зиёд гирифтани мусофиронро манъ карданд? Хоҳишмандем ба масъала расидагӣ кунед”, – навишт ба мо яке аз хонандагон.

Дар шуъбаи нақлиёти мақомоти шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ доданд, ки рейдҳо мувофиқи қарори шаҳрдорӣ гузаронида шуда, ба нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла маршруткаҳо гирифтани мусофирон аз меъёр зиёд (яъне ростистода) манъ аст.

“Дар қарори шаҳрдорӣ аз 15 декабри соли 2018 тарифҳои амалкунанда бо назардошти ҷойҳои нишаст тасдиқ шуда буданд. Он замон ширкатҳои машғули мусофиркашонӣ уҳдадор шуда буданд, ки воситаи нақлиётро танҳо дар истгоҳҳо нигоҳ дошта, ҳамчунин танҳо мувофиқи шумори ҷойҳои нишаст мусофир мегиранд. Аз ин рӯ, ҳеҷ гуна дигар тарифҳо баррасӣ нашуда истодааст”, – хабар доданд дар ин шуъба.

Қобили зикр аст, ки бори охир болоравии нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт моҳи феврали соли 2018 сурат гирифт. Нархи равуои якдафъаина дар троллейбус – 1 сомонӣ, автобус – 1 сомониву 20 дирам ва микроавтобусҳо (маршруткаҳо) – 1 сомониву 60 дирам муқаррар шуда буд.

Бино ба маълумоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, тӯли як ҳафта барои аз меъёр зиёд савор кардани мусофирон 1 ҳазору 292 нафар  ва худсарона баромадан аз хати сайр 47 нафар ронандагони маршруткаҳои пойтахт ҷаримабандӣ шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.