Си Ҷинпин бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин нимаи моҳи июн бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Сафари давлатии сарвари давлати Чин дар ҳошияи Нишасти панҷуми сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки санаи 14-15 июн дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, сурат мегирад. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар […]

Asia-Plus

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин нимаи моҳи июн бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Сафари давлатии сарвари давлати Чин дар ҳошияи Нишасти панҷуми сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки санаи 14-15 июн дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, сурат мегирад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ҷаҳорчӯби сафари давлатии Си Ҷинпин ба Тоҷикистон маросими муаррифии китоби ӯ “Си Ҷинпин доир ба идоракунии давлат”, ки дар он суханронӣ ва маърӯзаҳои раиси Чин гирдоварӣ шудааст, доир мегардад.

Китоби “Си Ҷинпин доир ба идоракунии давлат” охири моҳи апрел бо забони тоҷикӣ дар Душанбе ба нашр расид.

Аз рӯи натиҷаҳои сафари давлатии раиси Чин ба Тоҷикистон имзои бастаи созишномаҳои нави байнидавлатӣ дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, молия ва амният, фарҳангу маориф пешбинӣ шудааст.

Бин ба гуфтаи манбаъ, дар ҷараёни гуфтушунидҳои сарони кишварҳо масъалаи ҷалби сармоя ва технологияҳои Чин дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун низ аз эҳтимол дур нест.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.