Дар ИМА дипломат ҳамсари тоҷикашро кушта, сипас ба сари худ тир холӣ кард

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда дар Вашингтон ҳдисаи фоҷеаборе рух дод: дипломати амрикоӣ ҳамсари худ – зани 45-солаи зодаи Тоҷикистон Лола Ғуломоваро ба ҳалокат расонид. Сипас худашро низ кушт. Дар ин бора The Washington Post хабар дод. Вақте кормандони пулис дари хонаи онҳоро шикаста медароянд, Ҷейсон Рифф аз туфанг ба сари худаш ҳам тир мезанад. Ӯ […]

Asia-Plus

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда дар Вашингтон ҳдисаи фоҷеаборе рух дод: дипломати амрикоӣ ҳамсари худ – зани 45-солаи зодаи Тоҷикистон Лола Ғуломоваро ба ҳалокат расонид. Сипас худашро низ кушт. Дар ин бора The Washington Post хабар дод.

Вақте кормандони пулис дари хонаи онҳоро шикаста медароянд, Ҷейсон Рифф аз туфанг ба сари худаш ҳам тир мезанад. Ӯ дар бемористон ба ҳалокат расидааст. Рӯзи ҷумъа додгоҳ мебоист даъвои Ҷейсон Рифф нисбат ба ҳамсари собиқашро баррасӣ мекард, иттилоъ медиҳад Аkhbor.com бо истинод ба нашрия.

Гуфта мешавад, Лола Ғуломова бояд соли оянда барои 4 сол барои кор ба Белград мерафт ва ҳарду духтарашро бо худ бурданӣ буд. Ҷейсон Рифф ба ин розӣ набудааст.

Лола Ғуломова, собиқ муҳаққиқи рақси миллӣ зодаи Тоҷикистон буда, аз ҷумлаи тоҷикҳои ангуштшуморест, ки дар Амрико ба мақомҳои баланд расидааст. Ӯ дар НАСА, сафорати Амрико дар Маскав ва дар вазорати савдои Амрико кор кардааст. Шавҳари ӯ Ҷейсон Рифф дар вазорати хориҷаи Амрико кор мекард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.