Боздошти наздики 500 нафар дар шаҳрҳои Нурсултон ва Алмато дар рӯзи интихобот

Ба иттилои вазорати корҳои дохилии Қазоқистон, дар шаҳрҳои Алмато ва Нурсултони он кишвар наздики 500 одам ба идораи пулис бурда шудааст. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, боздоштҳои густардаи рӯзи 9 июн дар ду шаҳри калонтарини Қазоқистон, инчунин дар шаҳри Чимкент сурат гирифтанд. Гуфта мешавад, Марат Кожаев, ноиб-аввали вазири корҳои дохилии Қазоқистон гуфтааст, боздоштшудаҳо […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Ба иттилои вазорати корҳои дохилии Қазоқистон, дар шаҳрҳои Алмато ва Нурсултони он кишвар наздики 500 одам ба идораи пулис бурда шудааст.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, боздоштҳои густардаи рӯзи 9 июн дар ду шаҳри калонтарини Қазоқистон, инчунин дар шаҳри Чимкент сурат гирифтанд.

Гуфта мешавад, Марат Кожаев, ноиб-аввали вазири корҳои дохилии Қазоқистон гуфтааст, боздоштшудаҳо талош доштанд "вазъи иҷтимоиро ноором кунанд". Вай гуфт, пулис дар доираи қонун амал кардааст.

Ноиб-аввали вазири корҳои дохилии Қазоқистон гуфт, иттилоъ дар бораи марги як эътирозгар ҳақиқат надорад.

Дар Қазоқистон рӯзи 9 июн интихоботи президентӣ баргузор шуд. Додситонии кулли он кишвар 7 июн бо пахши як огоҳинома гуфт, вайрон кардани тартиботи баргузории ҷамъомадҳои сулҳомез ҷавобгарӣ дорад. Касоне, ки ба эътироз баромада буданд, ба таҳрими интихобот даъват карданд.

Зимнан зикр мегардад, ки миёни боздоштшудаҳои рӯзи 9 июн кормандони расонаҳо ҳам ҳузур доштаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.