Душанбе: Аз боми хонаи 12-ошёна худро ба замин партофтани наврас

Дар маркази Душанбе субҳи имрӯз ҷасади навраси 15-сола дарёфт шуд: тибқи маълумоти пешакӣ, ӯ аз боми хонаи 12-ошёна воқеъ дар кӯчаи Аҳмади Дониш, каме дуртар аз фурудгоҳи пойтахт худро ба замин партофтааст. Дар бораи ин ҳодиса фоҷеабор аввалин шуда журналисти тоҷик Шаҳноз Комилзода хабар дод. Дар саҳифааш дар Фейсбук ӯ аз ҷойи ҳодиса сурат нашр […]

Дар маркази Душанбе субҳи имрӯз ҷасади навраси 15-сола дарёфт шуд: тибқи маълумоти пешакӣ, ӯ аз боми хонаи 12-ошёна воқеъ дар кӯчаи Аҳмади Дониш, каме дуртар аз фурудгоҳи пойтахт худро ба замин партофтааст.

Дар бораи ин ҳодиса фоҷеабор аввалин шуда журналисти тоҷик Шаҳноз Комилзода хабар дод. Дар саҳифааш дар Фейсбук ӯ аз ҷойи ҳодиса сурат нашр кард. Ӯ навишт, ки ҷасади наврас субҳи рӯзи 25 июн дарёфт шудааст.

Сабабҳои ба ин амали фоҷеабор даст задани наврас алҳол маълум нестанд. Ҳамчунин то ҳанӯз маълум нест, ки ин амали худкушист ё чизи дигар.

То ин дам дар сомонаҳои ВКД Тоҷикистон ва Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар бораи ин ҳодиса ҳеҷ маълумот нашр накардаанд.

Шаҳноз Комилзода, ки каме дуртар аз манзили наврас Ф. А. зиндагӣ мекунад, ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки наврас дар оилаи камбизоат ба воя мерасид, ки ба ҷуз худи ӯ дар оилаашон бо 5 панҷ нафар фарзандон ҳастанд. Фурқат имсол синфи 8-уми мактаби №16-ро хатм кардааст.

Айни замон ҷасади наврас дар мурдахона (морг) нигаҳдорӣ шуда, мақомоти прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур ба тафтиши ҳодиса шурӯъ кардааст.

Мо ин ҳодисаро пайгирӣ мекунем.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.