Саридораи геология: Тоҷикистон захираҳои бузурги нафту газ дорад

 “Дар 20 кони Тоҷикистон дар ҷуқурии 3-5 ҳазор метр захираҳои бузурги нафту газ мавҷуданд”, – хабар дод сардори Саридораи геология Тоҷикистон Илҳомҷон Оймаҳмадзода зимни нишасти хабарӣ. Бино ба маълумоти ӯ, захираҳои нафт дар ҷумҳурӣ дар ҳаҷми беш аз 2 млн. тонна ва газ – зиёда аз 3 млрд. метри мукааб арзёбӣ шуда, айни замон коркарди […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

 “Дар 20 кони Тоҷикистон дар ҷуқурии 3-5 ҳазор метр захираҳои бузурги нафту газ мавҷуданд”, – хабар дод сардори Саридораи геология Тоҷикистон Илҳомҷон Оймаҳмадзода зимни нишасти хабарӣ.

Бино ба маълумоти ӯ, захираҳои нафт дар ҷумҳурӣ дар ҳаҷми беш аз 2 млн. тонна ва газ – зиёда аз 3 млрд. метри мукааб арзёбӣ шуда, айни замон коркарди конҳо ҷараён дорад.

Ғайр аз ин, Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди тилло, нуқра, металлҳои сиёҳу ранга ва қиматбаҳо, сангҳои рангаву ороишӣ ва маводи радиоактивӣ мебошад.

Айни замон Тоҷикистон бо 22 ширкатҳо ба маблағи 108 млн. сомонӣ қарордодҳо ба имзо расонидааст.

Дар доираи онҳо дар Тоҷикистон корҳои иктишофи геологӣ ҳам аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва ҳам аз ҳисоби сармоягузорони хориҷӣ роҳандозӣ шудааст.

Аз ҷумла, соли 2019 ба ширкати “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳкорӣ” барои баргузор намудани корҳои иктишофи геологӣ дар кони тиллои Кумарғи Болои ноҳияи Айнӣ, ба ҶДММ “Аперевка” барои анҷоми ҳамин корҳо дар макони зуҳури тилло дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Мастчоҳ иҷозатнома дода шудааст.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки дар ин давра ҳамчунин тилло, ангишт, омехтаи регу шағал, ашёи хоми семент, оҳаксанг, регсанг ва газу нафт истеҳсол шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.