Номи кишвар маъқул шуд: ҷавони бразилиягӣ бе душворӣ бо тоҷикӣ ҳарф мезанад

Ҷавоне аз Бразилия Гилерми Пост бо забони тоҷикӣ бе душворӣ ҳарф мезанад. Барои боз ҳам хубтар азхуд кардани забон тобистон ӯ ба Хуҷанд омад. Дар бораи Тоҷикистон бори нахуст аз бобояш, омӯзгори фанни ҷуғрофия огаҳӣ ёфт, ки ба ӯ харитаро нишон дода буд. Наврас ба кишварҳои дур ва нисбатан хурдтар таваҷҷуҳи бештар дошт. “Ба ман […]

Афзал Босолиев, махсус барои Asia-Plus

Ҷавоне аз Бразилия Гилерми Пост бо забони тоҷикӣ бе душворӣ ҳарф мезанад. Барои боз ҳам хубтар азхуд кардани забон тобистон ӯ ба Хуҷанд омад.

Дар бораи Тоҷикистон бори нахуст аз бобояш, омӯзгори фанни ҷуғрофия огаҳӣ ёфт, ки ба ӯ харитаро нишон дода буд. Наврас ба кишварҳои дур ва нисбатан хурдтар таваҷҷуҳи бештар дошт.

“Ба ман номи кишвар писанд омад, он ғайриоддӣ аст”, – мегӯяд Пост.

Ӯ се сол пеш ба Тоҷикистон омада, ин кишварро дӯст дошт. Ин ҷо дӯстони зиёд пайдо кард. Вақте ба ватан баргашт, тасмим гирифт, ки забони тоҷикиро омӯзад, то ки бо дӯстони худ бо забони онҳо ҳарф зада тавонад. Дар ин кор низ дӯстонаш тариқи скайп ба ӯ кумак карданд.

Тобистони имсол низ ӯ боз ба Тоҷикистон омад, то ки бештар бо намояндагони забон гуфтугӯ карда, сатҳи забондониашро такмил диҳад.

Дар оянда ӯ мехоҳад, ки забони рӯшониро низ омӯзад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.