Суд ронандаи мусофиркаши дағалгуфторро ҷарима кард

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар пайи маводи нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ ронандаи автомашинаеро, ки ғайриқонунӣ ба мусофиркашонӣ машғул буда, илова бар ин, бо онҳо дағалгуфторӣ мекардааст, ҷазо дод. Бино ба иттилои маркази матбуоти РВКД Душанбе, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, рақами давлатиаш 6444 СР 01, сокини 49-солаи шаҳри Душанбе Ҷамшед Сафаров қоиаҳои ҳаракат дар роҳро […]

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар пайи маводи нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ ронандаи автомашинаеро, ки ғайриқонунӣ ба мусофиркашонӣ машғул буда, илова бар ин, бо онҳо дағалгуфторӣ мекардааст, ҷазо дод.

Бино ба иттилои маркази матбуоти РВКД Душанбе, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, рақами давлатиаш 6444 СР 01, сокини 49-солаи шаҳри Душанбе Ҷамшед Сафаров қоиаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намуда, нисбати мусофирон ба рафтори номуносибу дағалгуфторӣ роҳ медодааст.

Гуфта мешавад, ин ронанда дарёфт ва ба шуъбаи милитсия оварда шуда, нисбати ӯ дар бораи қонунвайронкунии маъмурӣ санади дахлдор тартиб дода шуд ва бо қарори суди шаҳри Душанбе Сафаров ба маблағи 540 сомонӣ ҷарима шудааст.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз ҳамаи сокинону меҳмонони пойтахт даъват кардааст, ки дар бораи рафтори номуносиб ва дағалгуфтории ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркаш ба Раёсат хабар диҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.