Омодагирии Исфара ба вохӯрии сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон

Дар назар аст, ки охири ҳафтаи равон сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков дар шаҳри Исфара ва ҷамоати Ворху ду вохӯрӣ гузаронанд. Дар вохӯрии аввал дар Исфара сарони кишварҳо ва роҳбарони сохторҳои марбутаи ҳарду кишвар масъалаҳои суръат бахшидан ба анҷоми корҳои таъйин ва аломатгузориро дар қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатӣ баррасӣ мекунанд, хабар […]

Дар назар аст, ки охири ҳафтаи равон сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков дар шаҳри Исфара ва ҷамоати Ворху ду вохӯрӣ гузаронанд.

Дар вохӯрии аввал дар Исфара сарони кишварҳо ва роҳбарони сохторҳои марбутаи ҳарду кишвар масъалаҳои суръат бахшидан ба анҷоми корҳои таъйин ва аломатгузориро дар қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатӣ баррасӣ мекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси шаҳри Исфара.

Ӯ аз эҳтимол дур намедонад, ки ба вохӯрии дуюми сарони кишварҳо дар ҷамоати Ворух фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон низ даъват шаванд.

Бино ба гуфтаи манбаъ, субҳи имрӯз низ роҳи мошингарди Ворух – Исфара аз ҷониби Қирғизистон баста аст.

Дар мақомоти шаҳрдории Исфара зикр карданд, ки шаби гузашта дар минтақаи ихтилоф орому осуда ва амн сипарӣ шуд.

Қобили зикр аст, ки барои дар сатҳи хуб гузаронидани вохӯрии сарони кишварҳо раҳбарияти вилояти Суғд ва муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим дар шаҳри Исфара қарор доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.