Зиндагии собиқ маҳбусон дар Тоҷикистон пас аз озод шудан аз зиндон

Дар “Душанбе Молл” намоишгоҳи суратҳо ба кор шурӯъ намуд, ки аз зиндагии собиқ маҳбусон маълумот медиҳад. Дар он 14 сурат (портрет) ба маърази тамошо гузошта шуда, ҳамаи қаҳрамонони он ҳаёти зиндонро паси сар кардаанд, бемориҳои гуногун (гепатит, сил ВНМО) доранд. Доғи судӣ доштан ва беморӣ (ҳатто аллакай муолиҷашуда) намегузорад, ки дар ҷомеа ҳаёти орому осуда […]

Asia-Plus

Дар “Душанбе Молл” намоишгоҳи суратҳо ба кор шурӯъ намуд, ки аз зиндагии собиқ маҳбусон маълумот медиҳад. Дар он 14 сурат (портрет) ба маърази тамошо гузошта шуда, ҳамаи қаҳрамонони он ҳаёти зиндонро паси сар кардаанд, бемориҳои гуногун (гепатит, сил ВНМО) доранд.

Доғи судӣ доштан ва беморӣ (ҳатто аллакай муолиҷашуда) намегузорад, ки дар ҷомеа ҳаёти орому осуда дошта бошанд.

“Маро ба ҳеҷ куҷо ба кор намегиранд, – мегӯяд Денис Игонин, ки барои таҷовуз ба номус маҳкум шуда, лекин айбашро рад мекунад. – Ҳамааш барои доғи судӣ доштан. Вақте огоҳ мешаванд, ки ман аз бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ) муолиҷа мегирам, ҳатто аз гуфтугӯ рӯй мегардонанд”.

Лекин миёни собиқ маҳбусон шахсоне ҳам ҳастанд, ки сарфи назар аз ҳама гуна монеъаву мушкилот, муваффақ шудаанд.

Бо ташкили ин намоишгоҳ Ташкилоти ҷамъиятии “СПИН Плюс” мехоҳад, ки муносибати одамонро ба собиқ зиндониён ва шахсоне, ки бо бемории ВНМО зиндагӣ доранд, тағйир бидиҳад. Кори намоишгоҳ то 3 август идома меёбад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.