Осеби 9 шаҳрванди Тоҷикистон дар садамаи нақлиёт дар Бухоро

Вазорати вазъиятҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон хабар дод, ки рӯзи 19 август, соати 15:37, дар километри 368-уми шоҳроҳи "А-380”, дар ҳудуди ноҳияи Ҷондори вилояти Бухоро як микроавтобуси тамғаи Mercedes-Benz Sprinter” бо 17 шаҳрванди Тоҷикистон дучори садама шудааст. Сомонаи расонаи мустақили “Ахбор” бо истинод ба ин манбаъ хабар медиҳад, ки микроавтобусе, ки ба шаҳрванди Тоҷикистон А.Афғонов тааллуқ дошт, […]

Akhbor.com

Вазорати вазъиятҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон хабар дод, ки рӯзи 19 август, соати 15:37, дар километри 368-уми шоҳроҳи "А-380”, дар ҳудуди ноҳияи Ҷондори вилояти Бухоро як микроавтобуси тамғаи Mercedes-Benz Sprinter” бо 17 шаҳрванди Тоҷикистон дучори садама шудааст.

Сомонаи расонаи мустақили “Ахбор” бо истинод ба ин манбаъ хабар медиҳад, ки микроавтобусе, ки ба шаҳрванди Тоҷикистон А.Афғонов тааллуқ дошт, аз Маскав ба Душанбе сафар мекард, вале дар ҳудуди ноҳияи Ҷондор ба сабаби кафидани чархи қафояш мошин чаппа шудааст.

Гуфта мешавад, ба 8 мусофири микроавтобус кумаки тиббӣ лозим нашуд, вале 9 нафарро ба бемористони шаҳри Газлии ноҳияи Ромитан интиқол додаанд. Дар инҷо 3 нафарро бистарӣ карда ва ба 6 тани дигар кумаки тиббӣ расондаанд.

Ҳамчунин зикр мешавад, ки мусофирони боқимондаро дар шаҳри Газлӣ дар як меҳмонхона ҷой кардаанд. Маълум шудааст, ки дар ин микроавтобус муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ба Ватан бармегаштанд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон, микроавтобуси тамғаи «Mercedes-Benz Sprinter», рақами давлатиаш TJ 77 85 PB 01-ро шаҳрванди 40-солаи Тоҷикистон Баҳромиддин Ҳотамов ронандагӣ мекард. Ронанда низ дар ин садама ҷароҳат бардоштааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.