«МегаФон», «Сементи тоҷик», «Беҳдоштӣ»… 10-гонаи беҳтарин андозсупорандагони Тоҷикистон

Кумитаи андози Тоҷикистон 10 андозсупорандаи беҳтарини соли 2019-ро бо дипломҳо сарфароз гардонид. Тақдими диплом ва ифтихорномаҳо ба муносибати Рӯзи соҳибкорон доир гардид, ки он бо пешниҳоди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2014 ҳар 2-юми октябр таҷлил мешавад. Ба феҳристи 10-гонаи “Беҳтарин андозсупорандагон” дар соли 2019 корхонаву ширкатҳои «Сементи Тоҷик», «Тоҷикистону Америка корхонаи муштараки Анзоб», БДА «Амонатбонк», ҶСП «Холиқ Бонк Тоҷикистон», ҶСП […]

Кумитаи андози Тоҷикистон 10 андозсупорандаи беҳтарини соли 2019-ро бо дипломҳо сарфароз гардонид.

Тақдими диплом ва ифтихорномаҳо ба муносибати Рӯзи соҳибкорон доир гардид, ки он бо пешниҳоди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2014 ҳар 2-юми октябр таҷлил мешавад.

Ба феҳристи 10-гонаи “Беҳтарин андозсупорандагон” дар соли 2019 корхонаву ширкатҳои «Сементи Тоҷик», «Тоҷикистону Америка корхонаи муштараки Анзоб», БДА «Амонатбонк», ҶСП «Холиқ Бонк Тоҷикистон», ҶСП «НБО Сангтӯда-1», Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байнулмилалии президентӣ”, ҶДММ «Мегаполис Тоҷикистон», ҶСП «Беҳдоштӣ», ҶСП «ТТ Мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) ва КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дохиланд.

Дар мақомоти андоз қайд мекунанд, ки бо назардошти иҷрои уҳдадориҳои пардохти андоз, комиссияи махсуси Кумита ин корхонаҳоро беҳтарин арзёбӣ кардааст.

“Озмуни мазкур, ки бо мақсади ҳавасмандсозии фаъолияти андозсупорандагон роҳандозӣ шудааст, ба беҳбуди пардохти андозҳо мусоидат мекунад”, – хабар доданд аз ин Кумита.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.